ДУШАНБЕ, 7 апр – Sputnik. Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Тоҷикистон таърихи аввалин сафари зойирони тоҷикро мушаххас кард.
Аммо он чӣ зойиронро нигарон кардааст, ин аст, ки оё дар шароити ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон имкони анҷоми маросими ҳаҷи фарзӣ хоҳад буд ё хайр.
Манбаъи Sputnik Тоҷикистон дар Кумитаи дин мегӯяд, ҳанӯз ду моҳи қабл сабти ному интихоби зойирон ба анҷом расида, тамоми асноду мадорик такмил шудааст ва аввалин парвози ҳавопаймои зойирин ба Арабистони Саудӣ 6 майи соли равон сурат хоҳад гирифт.
“Зойирин маблағҳояшонро супорида, визаву дигар аснодашонро гирифтаанд ва омодаи парвоз ҳастанд”, - гуфт манбаъ.
Ба қавли ӯ, имсол Арабистони Саудӣ омодагиҳо ба маросими ҳаҷро шаш моҳ барвақттар сар кард, то омодагии сазовор дошта бошад ва бехатарии зойиронро таъмин кунад.
“Ҳадафашон эҷоди манзараи умумӣ ва барномарезии дақиқи маросим аст. Қабл аз ҳама дақиқ ва тасбит кардани шумораи зойирин ва пешгирӣ аз вуруди ҳоҷиёни ғайрирасмӣ аст, ки дар барнома ихлол эҷод накунанд”, - гуфт манбаъ.
Вай афзуд, одамоне, ки сафари умра мераванду барнамегарданд ва то ҳаҷи фарзӣ меистанд, бояд тафкик шаванд.
“Ба ҳоҷиёни расмӣ бейҷикҳои махсус медиҳанд, Зойирин бидуни ҳамин бейҷик як қадам ҳам зада наметавонанд, зеро бидуни он онҳоро пулис боздошт мекунад. Чунин бейҷикҳоро ҳоҷиёни ғайрирасмӣ надоранд”, - гуфт ӯ.
Ин омодагиҳо дар ҳолест, ки бар асари таҷовузи Амрикову Исроил ба Эрон вазъи амниятӣ дар Ховари Миёна барҳам хӯрда, сафар ба кишварҳои Халиҷи Форс номумкин шудааст. Эрон кишварҳои Халиҷи Форс, аз ҷумла Арабистони Саудиро ба хотири ин ки пойгоҳҳои низомии Амрикоро мизбонӣ мекунанд, мавриди ҳамалоти мушакӣ қарор додааст. Ҳоло парвози ҳавопаймоҳои мулкӣ ба ин кишварҳо тақрибан қатъ шудааст.
Ин вазъ нигарониеро миёни зойирин ба вуҷуд овардааст, ки оё дар чунин шароит имкони сафар ба Арабистони Саудӣ вуҷуд дорад, ё хайр? Манбаъи Sputnik Тоҷикистон дар Кумитаи дин мегӯяд, то ба ҳол ҳеҷ иттилое аз Арабистони Саудӣ ё мақомоти зидахли Тоҷикистон ба даст наомадааст ва ин ниҳод умедвор аст, ки то як моҳи дигар вазъ дар Ховари Миёна ба эътидол ояд.
Тайи ҳазор соли ахир фақат ду сол, он ҳам дар солҳои 2020 ва 2021дар пайи пандемияи Ковид-19 сафари ҳаҷи фарзӣ ба маконҳои муқаддаси исломӣ – Макка ва Мадина – барои мусулмонони ҷаҳон, ба истиснои шаҳрвандони худи Арабистони Саудӣ, манъ шуда буд.
Тибқи иттилои расмӣ, солона аз Тоҷикистон ба Арабистони Саудӣ бештар аз 5 ҳазор нафар барои адои ҳаҷи фарзӣ сафар мекунанд.