Ҷустуҷӯи тилло сабаб шуд: Як нафар дар дарёи Фондарё ғарқ шуду дигаре наҷот ёфт

Дар ҳудуди мавзеи оби хуиҷи дарёи Фондарёи ноҳияи Айнӣ ҳодисаи нохуш ба қайд гирифта шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 5 апр – Sputnik. Ду нафар сокини ҷамоати деҳоти Урметан, деҳаи Вота, бо мақсади ҷустуҷӯи тилло ба мавзеъи хавфноки дарё рафтанд ва дар натиҷаи риоя нагардидани қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми убур аз дарё, як нафари онҳо ба об афтода ғарқ гардидааст.
Дар ин бора Хадамоти матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи Тоҷикистон хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, як нафари дигар, ки дар тарафи дигари дарё дармонда буд, хушбахтона наҷот ёфт.
“Наҷотдиҳандагони водии Зарафшон бо ёрии таҷҳизоти махсус аз тарафи дигари дарё онро наҷот доданд”, қайд кардааст КҲФ.
Қайд гардидааст, ки наҷотдиҳандагони водии Зарафшон, он нафареро, ки дар тарафи дигари дарё дар ҳолати хатарнок қарор дошт, бо истифода аз таҷҳизоти махсус ба ҷои бехатар бароварда шуд.
Заминларза дар Тоҷикобод: КҲФ мегӯяд касе осеб надид вале 22 хона қисман хароб шуд
Ба иттилои КҲФ айни замон корҳои ҷустуҷӯӣ ва наҷотдиҳии шаҳрванд, ки дар дарё ғарқ шудааст идома доранд.
КҲФ дар ин робита ба шаҳрвандон тавсия додааст, ки ҳангоми наздик шудан ба дарёҳои дорои ҷараёни тези об, қоидаҳои бехатариро қатъиян риоя намоянд.
Аз ҳаммаи шаҳрвандон хоҳиш кардааст, ки ҳангоми пайдо гардидани ягон маълумот ба КҲФ тамос бигиранд.