Раҳмон дар таҷлили Рӯзи Ғалаба дар Маскав ширкат мекунад?

Мақомоти Русия эълон кардааст, ки ба роҳбарони кишварҳои дӯст барои таҷлили 81-умин солгарди Рӯзи ғалаба дар рӯзи 9 май даъватномаҳо ирсол кардааст.
Sputnik
ДУШАНБЕ, 5 апр – Sputnik. Мақомоти Русия эълон кард, ки рощбарони 27 кишвар дунё дар таҷлили 81-умин солгарди Рӯзи ғалаба дар Маскав иштирок хощанд кард.
Дар ин бора ёвари раисҷумҳури Русия Юрий Ушаков ба рӯзноманигорон хабар додааст.
Ба гуфтаи вай барои иштирок дар тантанаҳои таҷлили 81-умин солгарди Рӯзи Ғалаба, даъватномащо равон карда шуданд ва зиёда аз 20 раҳбари ҷаҳон иштироки худро тасдиқ намуданд.
Юрий Ушаков гуфт, ки Кремл ҳанӯз рӯйхати ниҳоии меҳмононро ошкор накардааст.
Ёдовар мешавем, ки соли гузашта президентҳои Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон, ва ғайра дар тантанаҳои таҷлили 80-умин солгарди Рӯзи Ғалаба иштирок доштанд.
Ҳамин тавр, имкон дорад раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 9-уми майи соли равон дар Маскав дар тантанаҳои таҷлили 81-умин солгарди Рӯзи Ғалаба низ иштирок кунад.
Сафари Владимир Путин ба Тоҷикистон
Занги Путин ба Раҳмон: Роҳбарони Русия ва Тоҷикистон дар мавриди чӣ суҳбат карданд?
Ушаков ҳамчунин қайд кард, ки бисёре аз роҳбарони кишварҳо дархости мулоқот бо Путинро кардаанд.
Қобили зикр аст, ки кишварҳои Ғарб, бар хилофи солҳои қаблӣ, эҳтимолан дар сатҳи баланд намояндагӣ намекунанд. Зоҳиран, дар ҷашн роҳбарони кишварҳои "дӯст" иштирок хоҳанд кард.