Оғози даъвати баҳории наваскарон дар Тоҷикистон

Фармони дахлдорро президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон моҳи феврал имзо карда буд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 1 апр – Sputnik. Дар Тоҷикистон даъвати баҳории наваскарон оғоз гардид.
Даъвати шаҳрвандони соли таваллудашон 1999 - 2008 то охири моҳи май идома хоҳад дошт, иттилоъ дод Вазорати мудофиаи Тоҷикистон.
Фармони дахлдорро президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон моҳи феврал имзо карда буд.
Ҳамин тавр, моҳҳои апрел-майи соли 2026 шаҳрвандони ҷинси марди то рӯзи даъват ба синни 18 расида, ба хизмати ҳарбӣ даъват мешаванд.
Инчунин мардони синну соли калонтар, ки ҳуқуқи ба таъхир андохтани муҳлати даъват ё озод будан аз хизмати ҳарбиро надоранд, барои адо намудани хизмати харбӣ даъват шудаанд.
Тибқи фармони президент хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд, моҳҳои апрел-майи соли 2026 аз сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба эҳтиёт рухсат дода мешаванд.
Президент фармони даъвати баҳорӣ ба аскариро имзо кард
Вазорати мудофиа, раисони комиссияҳои даъвати вилоятҳо, Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо вазифадор шуданд, ки бо назардошти хусусиятҳои хоси хизмат дар қӯшунҳои сарҳадӣ, Гвардияи миллӣ ва қисмҳои ҳарбии таъиноти махсус мукаммалгардонии онҳоро бо иштироки мақомоти амният ва корҳои дохилӣ дар навбати аввал бо даъватшавандагони ба таври дақиқ интихобшуда амалӣ намоянд.