ДУШАНБЕ, 31 мар – Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ раҳмон аз болоравии бесобиқаи нархи наво ҳушдор дод.
Дар ин бора, раисҷумҳури Тоҷикистон зимни суханронӣ дар ноҳияи Мастчоҳ зикр кард.
Тибқи таҳлили коршиносон бар асари ҳодисаҳое, ки вақтҳои охир дар дунё ҷараён доранд, инчунин, дар натиҷаи тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он соли ҷорӣ нархи маводи ғизоӣ ба таври бесобиқа боло меравад, гуфт кишвардор.
"Бинобар ин, мо бояд ҳар рӯзи мусоиди баҳорро самаранок истифода бурда, барои таъмин намудани бозори истеъмолӣ бо маводи ғизоӣ ва ҳифзи амнияти озуқавории кишвар саъю кӯшиш намоем", - таъкид кард ӯ.
Зарур аст, ки дар шароити бисёр ҳассоси ҷаҳони муосир тамоми захираву имкониятҳо, аз ҷумла об ва ҳар як ваҷаб замин барои зиёд кардани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, таъсиси ҷойҳои кории нав ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум сафарбар карда шаванд, гуфт президент.
Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд, ки истифодаи оқилонаи об ва ҳар як ваҷаб замин шарти муҳимми таъмин намудани пешрафти иқтисоди миллӣ, амнияти озуқавории мамлакат ва зиндагии шоистаи мардуми кишвар мебошад.
Президент ҳамчунин аз мардуми Мастчоҳ тавсиф крада, гуфт, ки воқеан мардуми заҳматдӯсти ноҳия дар зарфи ҳафтод соли гузашта заминҳои беобу гиёҳ, яъне чӯлистони Дилварзинро имрӯз ба гулистон табдил додаанд.