Тоҷикистон хостори таъсиси Роҳи абрешими рақамӣ шуд

Сарвазири Тоҷикистон дар форуми байналмилалии рақамии "Қазақистони рақамӣ 2026” гуфт барои чӣ таъсиси Роҳи абрешими рақамӣ барои кишварҳо лозим аст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 28 мар - Sputnik. Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода зимни суханронӣ дар ҷаласаи пленарии форуми байналмилалии рақамии " Digital Qazaqstan 2026", пешниҳод кард, ки ҳамкорӣ байни кишварҳои Осиёи Марказӣ барои эҷоди Роҳи абрешими рақамӣ тақвият дода шавад.
Форуми мазкур дар доираи Шӯрои байниҳукуматии АвруОсиё дар Шимкенти Қазоқистон баргузор мешавад.
"Ҳадафи муштараки мо эҷоди роҳи абрешими рақамӣ аст, ки бозорҳои моро ба як низоми ягона, шаффоф ва самаранок пайваст кунад. Дар ин замина, ман пешниҳод мекунам, ки ҳамкории мо дар се самт барои ҳамаи ҷонибҳои дар ин ҷо ҳузурдошта тақвият ёбанд", - гуфт Расулзода.
Ба гуфтаи вай, самти аввал мубодилаи таҷриба дар омӯзиши кадрҳо мебошад.
"Мо метавонем бо истифода аз имкониятҳои донишгоҳҳо ва паркҳои технологии мо барномаҳои муштараки таълимӣ ва акселераторҳоро барои стартапҳо эҷод кунем", - қайд кард сарвазир.
Вай авлавияти дуюмро ҳамгироии платформаҳои рақамии минтақа ва содда кардани расмиёти электронии фаромарзӣ медонад.
Зеҳни сунъӣ дар Тоҷикистон рушд мекунад
Сарвазири Тоҷикистон бовар дорад, ки ин ба тиҷорат ва шаҳрвандон имкон медиҳад, ки дар муҳити ягонаи рақамӣ бефосила ҳамкорӣ кунанд.
Вай инчунин самти сеюмро пешниҳод кард: кори муштарак дар лоиҳаҳои захирасозии абрӣ ва зеҳни сунъӣ.
"Муттаҳид кардани қудрати ҳисоббарорӣ ва пойгоҳи додаҳои мо ба мо имкон медиҳад, ки маҳсулоти беназиреро эҷод кунем, ки дар берун аз минтақаи мо талабот хоҳанд дошт", - шарҳ дод Расулзода.
Дар ин замина, вай таъкид кард, ки "Тоҷикистон барои ҳамкории зичтар ва ошкоро омода аст".
Сарвазир ба иштирокчиёни форум хабар дод, ки солҳои 2025-2030 дар кишвар Солҳои иқтисоди рақамӣ ва инноватсия эълон шудаанд.
Ғайр аз ин, дар Душанбе таъсиси як маркази минтақавии зеҳни сунъӣ ба нақша гирифта шудааст, ки "ба платформаи калидӣ барои ҳамоҳангсозии барномаҳои технологӣ дар саросари минтақа табдил хоҳад ёфт".
Шералӣ Кабир: ЗС ҷойгузини одамон нахоҳад шуд, балки ҷойҳои нави корӣ эҷод хоҳад кард
Вай гуфт, ки Тоҷикистон аллакай барномаи ҳамкорӣ дар соҳаи зеҳни сунъӣ ва инноватсияро барои солҳои 2026-2027 тасдиқ кардааст, Шӯрои миллии зеҳни сунъӣ бомуваффақият фаъолият мекунад, парки IT фаъолона рушд дорад ва ба омӯзиши кадрҳо таваҷҷӯҳ зоҳир карда мешавад.
"Мо аллакай ворид кардани унсурҳои зеҳни сунъӣ ба системаи идоракунии давлатӣ ва таҳлили маълумоти калон барои беҳтар кардани инфрасохтори шаҳрро оғоз кардем. Мутахассисони мо аллакай барномаҳо ва маҳсулоти беназирро барои бозорҳои дохилӣ ва хориҷӣ эҷод мекунанд", - афзуд Расулзода.