ДУШАНБЕ, 25 мар - Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз Узбекистон боздид хоҳад кард.
Дар ин бора хадамоти матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар дод.
Ин сафар рӯзҳои 26-27 март ба нақша гирифта шудааст.
Ҷониби Ӯзбекистон хабар дод, ки раҳбари Тоҷикистон ва президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев аввалин ҷаласаи Шӯрои Олии байнидавлатиро баргузор мекунанд.
Дар доираи ин сафар музокироти сатҳи олӣ низ баргузор мешавад. Мавзӯъҳои асосии рӯзнома таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамҷаворӣ, шарикии стратегӣ ва иттифоқӣ байни Узбекистон ва Тоҷикистонро дар бар мегиранд.
Роҳбарони давлатҳо дар бораи ҷанбаҳои кунунии рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ, инчунин ҳамкорӣ дар доираи форматҳои бисёрҷониба мубодилаи афкор хоҳанд кард.
Хадамоти матбуот инчунин афзуд, ки оғози як қатор лоиҳаҳои нави муштарак ва имзои бастаи назарраси ҳуҷҷатҳои дуҷониба, ки барои рушди минбаъдаи ҳамкориҳои бисёрҷанба равона шудаанд, низ ба нақша гирифта шудааст.
Пас аз музокирот, имзои бастаи бузурги ҳуҷҷатҳои ҳамкорӣ интизор меравад.