ДУШАНБЕ, 23 мар – Sputnik. Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода дар Душанбе бо роҳбарон ва намояндагони ҷамъиятҳои тоҷикони бурунмарзӣ дидору гуфтугӯ кард.
Дар ин бора дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, дар ҷараёни вохӯрӣ Вазири корҳои дохилӣ ҳамватанони бурунмарзиро бо Ҷашни Наврӯз табрик намуда, аз бунёдкориву ободонии Тоҷикистон ёдовар шуд.
Вазири тоҷик қайд кард, ки мақомоти кишвар пайвста аз ҳаёту фаъолияти ҳамватанони бурунмарзӣ ва муҳоҷирони меҳнатӣ бохабар аст.
Вай ҳозиринро аз вазъи сиёсии дохили кишвар минтақа ва ҷаҳон огоҳ намуда аз хатарҳои ба Тоҷикистон таъсирасонанда ҳушдор дод.
Аз намояндагони диаспораҳо даъват карда шуд, ки дар минтақаҳои фаъолияташон, ки шумораи зиёди шаҳрвандони тоҷик ба муҳоҷирати меҳнатӣ машғул ҳастанд сиёсати Ҳукумати Тоҷикистонро дуруст фахмонанд.
Ҳамчунин вазир аз роҳбарони ҷамъиятҳои тоҷикон хост аз гаравидани ҷавонон ба гуруҳҳои тундрав ва экстремистию терористӣ ҷилавгири намоянд.