Қатораи сайёҳии "Jibek Joly" (Роҳи Абрешим) ҳаракаташро аз 20 март оғоз карда то 25 марти идома хоҳад дод.
Тибқи иттилои Кумитаи сайёҳии Қазоқистон, ин қатора Қазоқистон, Узбекистон ва Тоҷикистонро бо ҳам мепайвандад.
Қатораи мазкур дар масири Алмаато - Туркистон - Самарқанд - Душанбе - Тошканд – Алмаато ҳаракат мекунад.
Хабарнигори @Sputnik_Tajikistan дар роҳи оҳани Душанбе бо сайёҳон вохӯрд ва фаҳмид, ки чаро ин масир "Шенгени Осиё" номида мешавад.
"Мо шарафманд шудем... аз таърихи Тоҷикистон ва меҳмоннавозии он лаззат бурдем",- гуфт Мунирам Ахметова, раиси Ассотсиатсияи саноати сайёҳии Қазоқистон.
Лоиҳа аз ҷониби Вазорати сайёҳӣ ва варзиши Қазоқистон, ширкати "Қазоқистон темир жолу" ва саноати сайёҳии Қазоқистон ташкил карда шудааст.
Видеои моро тамошо кунед, то бифаҳмед, ки чӣ гуна ин масири афсонавӣ кишварҳои Осиёи Марказиро муттаҳид кардааст.