Онлайн кинотеатр: Дар Тоҷикистон платформаи миллии синамоӣ таъсис ёфт

Тавассути ин платформа сокинони кишварҳои гуногуни ҷаҳон метавонанд ба осонӣ ба филмҳои истеҳсоли Тоҷикистон дастрасӣ пайдо намоянд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 18 мар - Sputnik. Дар Тоҷикистон платформаи нави рақамии миллӣ — "tojikfilm.tv"ба фаъолият оғоз намуд.
Дар ин бора, Муассисаи давлатии "Тоҷикфилм" хабар додааст.
Гуфта мешавад, ки платформаи миллӣ бо назардошти стандартҳои байналмилалии рақамӣ таҳия шуда, сифати баланди намоиши филмҳоро таъмин менамояд.
"Тавассути ин платформа сокинони кишварҳои гуногуни ҷаҳон метавонанд ба осонӣ ба филмҳои истеҳсоли Тоҷикистон дастрасӣ пайдо намуда, филмҳои миллиро бо сифати баланд тамошо кунанд", - омадааст дар хабарнома.
Дар кинотеатри онлайнӣ филмҳои бадеӣ, мустанад, классикаи синамои тоҷик ва филмҳои муосири соҳибистиқлолӣ ба намоиш гузошта шудаанд.
Дӯстдорони синамои тоҷик имкон доранд филмҳои миллиро дар ин платформа онлайн тамошо кунанд.
Арзиши истифодаи платформа дар як моҳ 10 сомониро ташкил медиҳад.
Бино ба гуфтаи мудири Муассисаи давлатии "Тоҷикфилм" ин арзиш, бо Агентии зиддиинҳисорӣ мувофиқа шудааст.
"Композитори тоҷики сатҳи ҷаҳонӣ": Дар Маскав консерти Толибхон Шаҳидӣ бошукӯҳ гузашт
Ҳадафи асосии таъсиси платформа бошад, дастраси шаҳрвандон намудани филмҳои миллӣ мебошад.
Ин кинотеатр ба муаррифии синамои тоҷик дар ҷомеа нигаронида шуда, нусхабардорӣ ва паҳн намудани филмҳои ин платформа тибқи қонунгузории Тоҷикистон манъ шудааст.