Раҳмон ба Покистон меравад

Дар ҷаласаи Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Покистон масъалаи омодагӣ ба сафари дарпешистодаи Эмомалӣ Раҳмон ба Покистон баррасӣ шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 16 мар - Sputnik. Ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Покистон оид ба савдо, сармоягузорӣ ва нақлиёт ба таври маҷозӣ баргузор шуд.
Дар ин бора дафтари матбуоти вазорати гардид рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, ҷаласа таҳти роҳбарии муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Нуриддинзода Аҳлиддин Нуриддин ва котиби иловагии вазорати тиҷорати Покистон Носир Ҳомид баргузор гардид.
Дар ҷаласа масъалаҳои муҳимми ҳамкориҳои иқтисодӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.
Манбаъ қайд кардааст, ки ҷаласаи мазкур бо мақсади омодагӣ ба сафари дарпешистодаи сатҳи олии раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Покистон доир гардид.
Тоҷикистон сармоягузорони Покистонро ба сохтмону азнавсозии неругоҳҳо даъват кард
Дар доираи ҷаласа ҷонибҳо масъалаи стратегии татбиқ ва фаъолсозии долони нақлиёти автомобилӣ, афзоиши гардиши савдои дуҷониба ва дар ин замина таҳия ва тасдиқ намудани харитаи роҳ, роҳандозии ҳамкории саноатӣ, аз ҷумла таъсиси корхонаҳои нассоҷӣ ва фарматсевтикиро баррасӣ шуданд.
Таъкид карда шудааст, ки дар анҷоми ҷаласа ҷонибҳо аз сатҳи муносибатҳои дӯстона изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Зикр гардид, ки натиҷаҳои ин нишаст ба густариши минбаъдаи ҳамкориҳои тиҷоративу сармоягузории байни ду кишвари бародар такони ҷиддӣ хоҳад бахшид.