ДУШАНБЕ, 17 мар - Sputnik.Сабабҳо маълуманд: таваррум, ноустувории қурби асъор, гароншавии маводи энергетикӣ. Лекин мо ба ин раванди иқтисодӣ на ҳамеша бо дарки пурра ва якхела назар карда метавонем.
Масалан, агар гароншаии сару либос ё хизматрасониҳои ҳуқуқшиносон начандон маълум барои афкори омма сурат гирад, дилхоҳ кӯшиши воридкунии ягон тағйирот дар бозори алоқа барои муҳокимаҳои пурҷӯшу хурӯш сабаб мешавад. Оё нигарониҳои мо беҳуда нестанд? Биёед як фикр карда бароем, ки хароҷоти алоқаи мобилии моро бо чӣ муқоиса метавон кард ва оё он воқеан зиёд аст.
Ба ҳисоби миёна дар бозор
Ҳар як оператор силсилаи тарофаҳои худро дорад. Метавон ҳам тарофаи арзонтар, ҳам тарофаи гаронтарро интихоб намуд. Одатан ин на аз сиёсати нархии ширкатҳои телекоммуникатсионӣ, балки аз талаботи муштариён вобастагӣ дорад. Фаҳмост, ки бастаи хизматрасониҳо бо нархи минималӣ барои бисёриҳо аллакай кифоя нест. Барои ҳамин дурусттар аст на доир ба сарҳади поёнии нарх, балки дар бораи арзиши миёнаи тарофа андеша намоем. Он дар Тоҷикистон чӣ гуна аст?
Чор оператори пешбари Тоҷикистон нархҳои тақрибан якхела доранд: аз 30-40 сомонӣ барои тарофаҳои “минималӣ” то 250 сомонӣ барои тарофаҳои “максималӣ”. Тарофаҳои қиматтар ҳам ҳастанд, лекин онҳо барои истифодабарандагон бо талаботи махсусан пешбинӣ гардида, тарофаҳои оммавӣ ба ҳисоб намераванд. Инак: барои бисёри муштариён нархи миёнаи тарофа 140 сомониро дар як моҳ ташкил медиҳад. Бори дигар қайд менамоем: бо ин маблағ хизматрасониҳои алоқаро метавон дар давоми як моҳи пурра истифода намуд.
Мурғ ё тарофа
Бо 140 сомонӣ боз чӣ метавон харид? Сараввал бо маҳсулот муқоиса менамоем. Бо ин маблағ 1,4 кг. гӯшт метавон харид. Гӯшти мурғ арзонтар аст – наздики 40 сомонӣ барои як килограмм.
Бройлер ба ҳисоби миёна 4,5 кг. вазн дорад, аз ин бармеояд, ки нархи як мурғ ба 180 сомонӣ баробар аст. Дар хотир медорем: як мурғе, ки оила онро дар давоми як-ду рӯз тановул мекунад, аз як моҳи истифодаи озоди зангҳо, интернети мобилӣ, паёмрасонҳо, хизматрасониҳои молиявӣ ва дигар хизматрасониҳое, ки ба тарофаҳои опраторони алоқа дохил мешавад, 30% гаронтар аст!
Барои як хизматрасонии ороишгари мӯйи сар тақрибан 150 сомонӣ маблағ лозим меояд, ин бо нархи миёнаи тарофаи мобилӣ баробар аст. Як литри бензин алҳол 9,5 сомонӣ арзиш дорад. Яъне барои 20 литр бензин, ки тақрибан барои як ҳафта кофӣ хоҳад буд, 190 сомонӣ сарф мешавад. Ин аз тарофаи мобилии дорои нархи миёна 35% гаронтар аст. Ҷинси сифаташ хубро бо нархи тақрибан 300 сомонӣ харидан мумкин аст. Ин нарх ба ду моҳи алоқаи мобилӣ баробар аст.
Нархи билет ба консерти сарояндаи дӯстдошта низ тахминан ҳамин қадар ё ҳатто ду маротиба қиматтар аст. Бо Шумо ҳамфикрем – консерт таассуроти рангин мебахшад. Лекин бе смартфон расонидани ин таассурот ба наздикону дӯстон душвор аст. Ба ғайр аз ин, алоқа дар фармоиши билет тариқи онлайн, даъвати такси баъди намоиш мусоидат карда, дар даҳҳо ҳолатҳои ҳаётӣ низ кӯмак хоҳад кард.
Дар маҷмӯъ, дар хотир бояд дошт, ки дар олами муосир алоқаи мобилӣ ба мисли ҳамон маҳсулоти хӯрокворӣ, маводи доруворӣ, хизматрасониҳои ХМК ашёи ниёзи аввалия маҳсуб меёбад. Ва агар танҳо барои нерӯи барқ дар хонаи шахсӣ дар шаҳр оила дар як моҳ 400-600 сомонӣ маблағ сарф намояд, пас хароҷот барои алоқа, ки барои мо ҳаррӯза лозим меояд, дар чунин манзар бузург наменамояд.
Нархи чӣ зудтар боло меравад
Тавре аллакай гуфта шуд, ҳама гуна нархҳо доимо боло мераванд. Ҳамин тавр, дар соли гузашта нархи гӯшт ба андозаи 20% аз 80-90 то 95-110 сомонӣ барои як кг. боло рафт. Нархи оби нӯшокӣ барои аҳолӣ шурӯъ аз январ аз 30% - аз 1,40 то 1,82 сомонӣ барои як метри мукааб зиёд шуд. Нархи нерӯи барқ бошад, ба андозаи 17% боло рафт, аз 1 феврал нархи он 41,37 дирамро барои як киловатт-соат ташкил медиҳад.
Нархҳои алоқа тӯли ин муддат дар ягон ширкати телекоммуникатсионӣ боло нарафта буданд. Операторон сиёсати нархиро на зиёда як маротиба дар 2-3 мавриди бозбинӣ қарор медиҳанд. Лекин дар ин маврид низ сухан на танҳо дар бораи “болоравӣ” меравад. Одатан дар асоси таҳлили таҷрибаи истифодабарандагон дар баробари боло бурдани нархҳо ҳаҷми бастаҳои хизматрасониҳо низ зиёд карда мешавад.
Соддатар гӯем, мо мехоҳем озодона аз хизматрасониҳои молиявӣ – техникӣ истифода барем, бе маҳдудият дар паёмрасонҳо муошират намоем – маҳз бо ҳамин мақсад операторон миқдори ҳарчи бештари интернетро пешниҳод мекунанд. Дар омади гап, чунин ҳам мешавад, ки ҳаҷми трафик зиёд мегардад, лекин дар баробари ин нархи тарофа тағйир намеёбад.
Бо вуҷуди ин, гоҳ-гоҳ ширкатҳо воқеан нархи тарофаҳоро бе зиёдкунии ҳаҷми бастаҳо боло мебаранд. Дар ин ҷода ду вазъияти муҳим ҷой дорад. Якум ин, ки чунин амал нисбати тарофаҳои архивии кӯҳнашуда раво дониста мешавад.
Тарофаҳои наве, ки ба онҳо ба таври оммавӣ пайваст мешаванд, шартҳои худро тағйир намедиҳанд. Дуюм, нархи тарофаҳои архивӣ ба андозаи на зиёда аз 8-10% ва на бештар аз як маротиба дар як сол боло меравад. Ва агар мо бо нархномаи мағозаҳо ягон чорае дида натавонем, дар соҳаи телеком мо осон бо интихоби нархи мувофиқ ба тарофаи дигар гузашта метавонем. Вариантҳо зиёданд.
Пас хулосаи гап чист? Нархҳои мобилӣ нисбат ба нархи бисёри молу хизматрасониҳо камтар боло меравад, дар баробари ин, маблағи пардохт барои алоқа аз бисёри хароҷоти маъмулии мо камтар мебошад. Ва аз ҳама муҳим, бо нархи 140 сомонӣ дар як моҳ мо имкон дорем, ки ҳар дақиқа ба наздикон занг зада бинависем, аз даҳҳо замимаҳо истифода барем ва смартфонро ҳамчун воситаи корӣ ба кор барем. Баъзан алоқа ҳаётро низ наҷот медиҳад – масалан, вақте ки таъҷилан даъват кардани табиб лозим меояд. Пас магар хизматрасонии муфиде, ки аз нархи мурғ барои хӯроки нисфирӯзӣ арзонтар баромада истодааст, нархи гарон дорад?