ДУШАНБЕ, 16 мар - Sputnik. Ахиран дар арафаи таҷлили Иди Рамазон роҳбарияти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, бо роҳбарони бозорҳо ва марказҳои калони савдои ҳудуди пойтахт дидору гуфтугӯ карданд.
Дар ин бора дафтари матбуоти Раёсати ВКД Душанбе хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, зимни мулоқот масоили нигоҳ доштани мувозинати нархи маҳсулоти ниёзи аввал, таъмини тартиботи ҷамъиятӣ дар ҳудуди бозорҳо ва марказҳои савдо, пешгирии ҳолатҳои ҳуқуқвайронкунӣ, риояи талаботи бехатарӣ аз сӯхтор, инчунин насби камераҳои мушоҳидавӣ ва истифодаи самараноки онҳо мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуданд.
Дар ин ҷаласа Раёсати ВКД-и пойтахт таъкид кард, ки дар арафаи Иди Рамазон ба таври анъанавӣ дар бозорҳо ва марказҳои савдо шумораи харидорон зиёд мегардад.
Раёсати ВКД-и шаҳри Душанбе аз масъулин хост ба таъмини тартибот, хизматрасонии босифат, пешгирии болоравии сунъии нархи маҳсулот ва фароҳам овардани шароити мусоид барои шаҳрвандон диққати ҷиддӣ зоҳир намоянд.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш Кумитаи дин ба Sputnik Тоҷикистон хабар дод, ки эҳтимол дорад, ки моҳи шарифи Рамазон дар Тоҷикистон 29 рӯз идома кунад.
Сипас раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода низ тасдиқ кард, ки имсол моҳи Рамазон дар кишвар 29 рӯз идома хоҳад кард.
"Азбаски ду моҳи қаблии тақвими қамарӣ — Раҷаб ва Шаъбон пайдарпай 30-рӯзӣ омаданд, мувофиқи таҷриба, илму мантиқ моҳи сеюм одатан 29 рӯз мешавад", — изҳор дошт ӯ.
Раиси Шӯрои уламо ҳамчунин таъкид кард, ки ин вазъ бо бисёр кишварҳое, ки як рӯз пештар моҳи Рамазонро оғоз карда буданд, мувофиқат мекунад.
Ба гуфтаи ӯ, ба истиснои чанд давлат, аксари кишварҳои олами ислом имсол дар як рӯз рӯза гирифта, дар як рӯз Иди Фитрро таҷлил хоҳанд кард.