Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

Зеленский талаб дорад, ки на ба ӯ, балки ба Путин фишори бештар биёранд

Раҳбари режими Киев аз фишори ИМА барои хотима додан ба низоъ шикоят кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 12 мар - Sputnik. Владимир Зеленский аз фишори ИМА барои хотима додан ба низоъ ва набудани фишори назаррас ба президенти Русия Владимир Путин шикоят кард.
Вай дар ин бора дар мусоҳиба бо нашрияи “Politico” изҳор доштааст.
"Умедворам, ки онҳо ба мо кӯмак мекунанд, аммо барои мо фишори бештар ба Русия лозим аст, на ба ман", - гуфт ӯ.
Нашрия қайд мекунад, ки изҳороти раҳбари давлати Киев як ҳафта пас аз он садо дод, ки Трамп бори дигар аз Зеленский норозигӣ баён кард ва гуфт, ки раҳбари Украина бояд "худро ба даст гирад" ва ба созиш бирасад.
Путин ва Трамп шоми душанбе сӯҳбати телефонӣ анҷом доданд; он тақрибан як соат давом кард.
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Коршинос: ИМА наметавонад ба Киев ба миқдори пешина аслиҳа фурӯшад
Ба гуфтаи ёвари президент Юрий Ушаков, раҳбари Русия ба ҳамтои худ дар бораи вазъият дар минтақаи амалиёти виджаи низомӣ маълумот дод. Онҳо инчунин дар бораи Эрон, аз ҷумла дар бораи вазъи бозори ҷаҳонии нафт, сӯҳбат карданд.