Медведев: бӯҳрони Украина дер ё зуд ба охир мерасад

Муовини раиси Шӯрои Амнияти Русия иддао дорад, ки бӯҳрони Украина дер ё зуд ба охир хоҳад расид
Sputnik
ДУШАНБЕ, 12 мар - Sputnik. Бӯҳрони Украина мисли ҳама низоъҳо дар таърих дер ё зуд ба охир мерасад. Муовини раиси Шӯрои Амнияти Русия Дмитрий Медведев изҳор дошт, ки девонагии "ғарби дастаҷамъӣ" дар ҷонибдории Украина наметавонад абадӣ давом кунад.
"Бӯҳрони Украина, ки фаъолона аз ҷониби талошҳои як гурӯҳи кишварҳои русофобӣ, ки хоҳони шикасти Русия ҳастанд, дастгирӣ мешавад, дер ё зуд ба охир мерасад. Ҳамон тавре ки ҳама низоъҳо дар таърихи инсоният ба охир расидаанд. Девонагии тарафдории Украина, ки айни замон "ғарби дастаҷамъонаро"-ро фаро гирифтааст, наметавонад абадӣ давом кунад", - навиштааст Медведев дар мақолаи худ барои маҷаллаи "Эксперт", ки ба масъалаи рушди зеҳни сунъӣ бахшида шудааст.
Вай қайд кард, ки "нигарониҳои кӯҳнашуда ва сунъӣ дар бораи сарнавишти Украина ба зудӣ бо огоҳии зарурати вокуниш ба чолишҳо ва таҳдидҳои хеле ҷиддитари ҷаҳонӣ, ки бо гузариш ба сатҳи нави технологӣ алоқаманданд, иваз карда мешаванд.
Муовини раиси Шӯрои Амният афзуд, ки миқёс ва умқи ин чолишҳо бояд аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дарк карда шавад.
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Сарбозони артиши Украина аз интиқоли аслиҳаи пастсифати Ғарб шикоят доранд

Амалиёти вижа дар Украина

Русия оғоз аз 24-уми феврали соли 2022 дар Украина амалиёти вижаи низомӣ мебарад. Владимир Путин, президенти Русия, рисолати худро "ҳифозати одамоне, ки тӯли ҳашт сол аз сӯи режими Киев мавриди таҳқир ва наслкушӣ қарор гирифтаанд" тавсиф кард.
Ба гуфтаи вай, ҳадафи ниҳоии амалиёти вижаи низомӣ озодсозии Донбасс ва фароҳам овардани шароитест, ки амнияти худи Русияро кафолат медиҳад.
Кишварҳои ғарбӣ даст доштан дар даргириҳои Украинаро расман рад мекунанд, вале ба таъмини нирӯҳои мусаллаҳи Украина бо силоҳ идома медиҳанд.
Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров қайд кард, ки ҳама гуна интиқоли аслиҳа ба Украина ҳадафи қонунии Русия хоҳад буд.
Вазорати хориҷаи Русия изҳор дошт, ки кишварҳои НАТО бо интиқоли силоҳ ба Украина "бо оташ бозӣ мекунанд". Дар ҳамин ҳол, Маскав борҳо омодагии худро барои оғози музокирот дар бораи ҳалли низоъ изҳор доштааст, аммо Киев барои музокирот мамнӯъияти қонунӣ ҷорӣ кардааст.