ДУШАНБЕ, 12 мар - Sputnik. Тибқи қарори додгоҳи ҳарбии Маскав 15 нафар ба ҳабси абад маҳкум карда шуданд. Чор тани дигар аз 19 то 22 сол маҳкум шуданд, иттилоъ додааст хабаргузории РИА “Новости”.
Фаридуни Шамсиддин*, Далерҷон Мирзоев*, Муҳаммадсобир Файзов* ва Саидакрам Раҷабализода* – муттаҳамони асосӣ дар ҳодиса номбар мешаванд, ҳукми абад гирифтанд.
Ин чор нафар як қисми ҳукмро дар маҳбас ва дигарашро дар муассисаи низомаш махсус сипарӣ хоҳанд кард.
Ҳамчунин бо қарори додгоҳ ин чор нафар ба пардохти 990 ҳазор рубл ҷарима шудаанд.
Алишер Қосимов*, шаҳрванди Қирғизистон, ки ба иҷрокунандагони ҳамла хона ба иҷора додааст, ба 22 солу 10 моҳ ҳабс маҳкум шудааст. Хонаи ӯ дар вилояти Маскав мусодира шуд.
Исроил, Диловар* ва Аминҷон Исломовҳо*, ки ба гумонбарон мошин фурӯхтаанд, ҳар кадоме ба 19 солу 11 моҳи ҳабс шуданд.
Додгоҳ қарор кард, ки аз маҳкумшудаҳо ба фоидаи ҷабрдидаҳо 200 миллион рубл ситонда шавад.
Дар суханронии ниҳоии худ, омилони ҳамлаи террористӣ аз ҷабрдидагон пузиш хостанд. Дигар муттаҳамон узрхоҳӣ намуда аз додгоҳ хостанд, ки ба онҳо гузашт кунанд.
Ҳамлаи террористӣ дар Крокус Сити Холл
Рӯзи 22 март дар толори консертии Крокус Сити Холл, воқеъ дар шимолу ғарби Маскав тирпарронӣ рух дод.
Чанд нафар ва бидуни ниқоб вориди бинои марказӣ шуданд. Онҳо ба рӯи одамон тирандозӣ карданд ва баъд аз он курсиҳои толорро оташ заданду инчунин норинҷакҳои оташзо партоб намуданд, ки боиси сӯхтори шадид ва қисман фурӯ рехтани бино гардид.
Тибқи маълумоти Кумитаи тафтишоти Русия, дар натиҷаи ҳамлаи террористӣ дар Крокус беш аз 140 нафар кушта шудаанд, ки шаш нафари онҳо кӯдакон мебошанд.
Ҷинояткорон субҳи барвақти 23 март дар вилояти Брянск дар наздикии марз бо Украина боздошт шуданд.
Ҳар чор нафар зодаи Тоҷикистон мебошанд. Баъдтар тафтишот муайян кард, ки пеш аз ҳамлаи хунин ду нафар аз ин террористҳо аз Истанбул боздид карданд.
Имкон дорад, раҳбари эҳтимолии ин гурӯҳ бо доираҳои тундгаро дар Туркия робита дошта бошанд. Тибқи як фарзия дигар, маҳз дар он ҷо яке аз онҳо барои анҷоми ҳамлаи террористӣ омӯзиши зарурӣ гирифтааст.
Дар маҷмӯъ, дар робита ба ҳамлаи террористӣ дар Крокус 12 гумонбар боздошт шудааст. Ҳамаи онҳо ба рӯйхати террористони Росфинмониторинг шомил шудаанд. Чанд нафари дигар бо гумони даст доштан дар ин ҳодиса низ боздошт шудаанд.
Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, зимни муроҷиати худ ба шаҳрвандон қайд кард, ки баъд аз ҳамлаи террористӣ ҷинояткорон ба самти Украина ҳаракат мекарданд, ки дар он ҷо барои онҳо як "долон"-и вижа омода карда шуда буд. Вай таъкид кард, ки ҳеҷ яке аз ширкаткунандагон набояд аз ҷазои одилона раҳо ёбад.
Путин таваҷҷуҳро ба он ҷалб кард, ки дар паси ҳамлаҳои террористӣ дар манотиқи мухталифи ҷаҳон "на танҳо гурӯҳҳои тундгаро, балки хадамотҳои вижаи баъзе аз кишварҳо низ даст доранд".
Мақсади онҳо вайрон кардани асосҳои конститутсионӣ ва ноором кардани давлатҳои соҳибихтиёр, инчунин барангехтани кинаю адоват байни миллатҳо ва динҳо аст.
*-дар феҳрасти афроди алоқаманд ба терроризму экстремизми Росфинмониторинг қарор дорад.