Вазъ дар Ховари Миёна: Хабарҳои ахир

"Сомон Эйр" парвозҳо байни Душанбе ва Дубайро аз сар мегирад

Қаблан ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр" тасмими худро дар бораи қатъ кардани парвозҳо дар масири Душанбе-Дубай-Душанбе дар пасманзари авҷ гирифтани низоъ дар Ховари Миёна эълон карда буд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 10 мар — Sputnik. Ширкати миллии ҳавопаймоии Тоҷикистон, "Сомон Эйр", парвозҳоро аз Душанбе ба Дубай ва баръакс ар сар мегирад.
Тибқи иттилои хадамоти матбуотии ширкати ҳавопаймоӣ, парвозҳо байни Тоҷикистон ва Аморати Муттаҳидаи Араб рӯзҳои 11, 13 ва 15 март ба нақша гирифта шудаанд.
"Ҳавопаймоҳо бояд аз фурудгоҳи байналмилалии Al Maktoum International Airport (DWC) фуруд оянд ва парвоз кунанд. Чиптаҳоро дар ҳама платформаҳо харидан мумкин аст", - гуфта мешавад дар изҳороти ширкати ҳавопаймоӣ дар канали Telegram.
Қаблан, дар пасманзари авҷ гирифтани низоъ дар Ховари Миёна, ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр" қарори худро дар бораи боздоштани парвозҳо дар масири Душанбе-Дубай-Душанбе то 6 март эълон карда буд.
Ширкати ҳавопаймоӣ инчунин эълон кард, ки парвозҳо аз Душанбе ба Теҳрон ва баръакс то 31 март қатъ карда мешаванд.
Дар ҳамин ҳол, ҳукумат баъдтар ба ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр" дастур дод, ки барои берун кардани шаҳрвандон аз Ховари Миёна парвозҳои чартерӣ анҷом диҳад.
Рӯзи 28 феврал Исроил ва Иёлоти Муттаҳида амалиёти бузурги низомиро алайҳи Эрон оғоз карданд.
Вазъ дар Ховари Миёна: Хабарҳои ахир
Ширкати "Сомон Эйр" ҳамватанонро аз Ховари миёна бармегардонад
Шаҳрҳои бузурги Эрон, аз ҷумла Теҳрон, мавриди ҳамла қарор гирифтанд. Кохи Сафед ин ҳамларо бо ишора ба таҳдидҳои мушакӣ ва ҳастаӣ аз ҷониби Эрон рабт дод.
Корпуси Посбонони Инқилоби Исломӣ (як воҳиди элитаи Қувваҳои Мусаллаҳ) амалиёти ҷавобӣ эълон кард. Аз Эрон партоби мушакҳо ва ҳавопаймоҳои бесарнишин гузориш шудааст ва сиренаҳои ҳамлаҳои ҳавоӣ дар саросари Исроил шунида шуданд.
Ба гуфтаи хабаргузории Меҳр, пойгоҳҳои низомии ИМА дар Баҳрайн, Урдун, Қатар, Кувайт, АМА ва Арабистони Саудӣ низ мавриди ҳамла қарор гирифтанд.
Якчанд кишварҳои минтақа фазои ҳавоии худро бастанд.
Телевизиони давлатии Эрон хабар дод, ки раҳбари олии Эрон Алӣ Хоманаӣ дар ҳамла ба манзилаш кушта шуд ва кишвар 40 рӯзи мотам эълон кард.