Путин ва Трамп вазъият дар Ховари Миёнаро баррасӣ карданд: тафсилоти суҳбат

Ушаков гуфт, ки сӯҳбати байни роҳбарони Русия ва Иёлоти Муттаҳида, ки аввалин сӯҳбати имсола буд, корӣ ва созанда буд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 10 мар - Sputnik. Президенти Русия Владимир Путин бо ҳамтои амрикоии худ Доналд Трамп телефонь сущабт кард.
Дар ин бора ёвари раҳбари Русия Юрий Ушаков хабар дод.
"Имшаб президентҳои Русия ва Иёлоти Муттаҳида сӯҳбати телефонӣ анҷом доданд", - гуфт ӯ ба хабарнигорон.
Ушаков тавзеҳ дод, ки сӯҳбат бо ташаббуси раҳбари Амрико сурат гирифта, тақрибан як соат давом кардааст. Ӯ ба ёд овард, ки сӯҳбати қаблии телефонӣ байни Путин ва Трамп дар охири моҳи декабри соли 2025 сурат гирифта буд.
Ба гуфтаи ёвари президенти Русия, имрӯз сӯҳбат ба вазъияти атрофи Эрон бахшида шуда буд.
Бахусус, президенти ИМА ба вазъият дар заминаи амалиёти идомаёбандаи ИМА ва Исроил дар Эрон арзёбии худро дод, гуфт Ушаков.
"Ман мехоҳам қайд кунам, ки дар ин масъала (дар робита ба вазъият дар Эрон - Sputnik) мубодилаи афкори хеле пурмазмун ва, ба андешаи ман, муфид сурат гирифт", - афзуд ӯ.
Ғайр аз ин, дар сӯҳбат бо раҳбари ИМА Путин таҳаввулотро дар хатти тамос дар ноҳияи низомии шимолӣ тавсиф кард, гуфт Ушаков.
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
"Сигнал"-и Путин ва Трамп ба Зеленский, вакили Радаро нигарон кард
Ёвари президент инчунин хабар дод, ки дар сӯҳбат музокироти дуҷониба оид ба ҳалли Украина, ки бо иштироки намояндагони ИМА идома дорад, баррасӣ шудаанд. Путин талошҳои миёнҷигарии дастаи Трамп ва худи ӯро ситоиш кард, гуфт Ушаков.
"Ман такрор мекунам, ҳамкорони азиз, ки сӯҳбат хеле пурмазмун буд ва бешубҳа барои кори ояндаи ду кишвар (Русия ва Иёлоти Муттаҳида – Sputnik) дар соҳаҳои гуногуни сиёсати байналмилалӣ аҳамияти амалӣ хоҳад дошт", - гуфт, ёвари раҳбари Русия.
Сӯҳбати байни роҳбарони Русия ва ИМА Владимир Путин ва Доналд Трамп корӣ ва созанда буд, - хулоса кард Ушаков.