ДУШАНБЕ, 8 мар – Sputnik. То 1 январи соли 2026 шумораи аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 10 миллиону 720,8 ҳазор нафар расидааст, ки 49,3 фоизаш занон мебошанд.
Дар ин бора Агентии омори Тоҷикистон хабар додааст.
Ба иттилои Агентӣ занон дар Тоҷикистони соҳибистиқлол дар рушди иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии мамлакат нақши муҳим доранд.
"Онҳо дар соҳаҳои маориф, тиб, кишоварзӣ, саноат ва соҳибкорӣ фаъолона иштирок намуда, зиёда аз 24% субъектҳои соҳибкориро ташкил медиҳанд”,- иттилоъ додааст манбаъ.
Тибқи иттилои Агентии омор, дар соҳаи тандурустӣ 130 ҳазор нафар фаъолият менамоянд, ки 70%-ро занон ташкил медиҳанд.
Инчунин дар соҳаи маориф 282 ҳазор нафар фаъолият менамоянд, ки 63%-ро занон ташкил медиҳанд.
Ҳамзамон қайд карда шудааст, ки солҳои охир дар мамлакат шумораи занони соҳибкор афзоиш ёфтааст.
Занон дар Тоҷикистон корхонаҳои хурду миёна бунёд карда, ҳам ҷойи нави кор фароҳам меоранд ва ҳам дар ғанӣ гардонидани бозори дохилӣ саҳм мегузоранд.