Моҳи Рамазон дар Тоҷикистон 29 рӯз хоҳад буд?

Эҳтимол дорад, ки иди Рамазон дар Тоҷикистон на 20 -уми март балки 19 март таҷлил шавад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 6 мар – Sputnik. Эҳтимол дорад, ки моҳи шарифи Рамазон дар Тоҷикистон 29 рӯз идома кунад.
Дар ин бора, аз Кумитаи дин ба Sputnik Тоҷикистон хабар доданд.
Дар баробари ин, ба гуфтаи раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода гуфт, ки имсол моҳи Рамазон дар кишвар 29 рӯз идома хоҳад кард.
Ба гуфтаи ӯ, баъзе хабару овозаҳо дар бораи эҳтимоли 29 рӯз будани моҳи Рамазон дуруст мебошанд ва ин ҳолат аз нигоҳи таҷриба ва ҳисобҳои илмию тақвимӣ низ асос дорад, гуфт ӯ дар суҳбат бо нашрияи "Истиқлол".
"Азбаски ду моҳи қаблии тақвими қамарӣ — Раҷаб ва Шаъбон пайдарпай 30-рӯзӣ омаданд, мувофиқи таҷриба, илму мантиқ моҳи сеюм одатан 29 рӯз мешавад", — изҳор дошт ӯ.
Раиси Шӯрои уламо ҳамчунин таъкид кард, ки ин вазъ бо бисёр кишварҳое, ки як рӯз пештар моҳи Рамазонро оғоз карда буданд, мувофиқат мекунад.
Ба гуфтаи ӯ, ба истиснои чанд давлат, аксари кишварҳои олами ислом имсол дар як рӯз рӯза гирифта, дар як рӯз Иди Фитрро таҷлил хоҳанд кард.
Солим ва бехатар: Пизишки тоҷик гуфт, чӣ тавр дар моҳи Рамазон бояд рӯза гирифт
Муфтии Тоҷикистон аз мардум даъват намуд, ки ба ҳар гуна овозаҳо дода нашаванд ва аз ин ҳолат изтироб накашанд.
Ба гуфтаи ӯ, ҳамаи қарорҳо бар асоси ҳисобҳои дақиқи тақвимӣ ва меъёрҳои шаръӣ гирифта мешаванд.