ДУШАНБЕ, 6 мар – Sputnik. Тобистони соли гузашта барои нахустин бор Иёлоти Муттаҳида дар ҷараёни музокирот бо Эрон даст ба ҳамла зада буд.
Қосими Бекмуҳаммад, коршиноси аршади умури минтақа, дар гуфтугӯ бо Sputnik Тоҷикистон изҳор дошт, ки ба назар мерасад музокира бо Вашингтон роҳе барои пешгирӣ аз буҳрон набуда, балки сирфан барои фазосозӣ ва фиреби ҷомеаи ҷаҳонӣ бо ин иддао ки “мо ҷангро намехостем, аммо Эрон гузинаи дигаре барои мо боқӣ нагузошт” мавриди истифода қарор мегирад.
“Ҳеч кишваре дар ҷаҳон ба андозаи худи кишварҳои ғарбӣ, ба вижа Иёлоти Муттаҳида, ки муддаии дифоъ аз ҳуқуқи башар, демократия ва озодӣ ҳастанд, ба усули пазируфташудаи байналмилалӣ, аз ҷумла манъи тавассул ба зӯр, эҳтиром ба ҳокимияти миллӣ ва баробарии ҳуқуқи кишварҳо зарба назадаанд. Дар беэътибор шудани ҳуқуқи байналмилал, бузургтарин нақшро Амрико ва Ғарб ифо кардаанд."
Вай афзуд, рафтори Амрико ба таври куллӣ ва амалкарди Доналд Трамп ба таври хос нишон медиҳад, ки Вашингтон истифода аз зӯрро ҷойгузини музокира кардааст; рӯйкарде, ки ҳосили он чизе ҷуз афзоиши беэътимодӣ ба Созмони Милали Муттаҳид, бесуботии байналмилалӣ ва минтақавӣ, ташдиди рақобати таслиҳотӣ, таҷзияи шуморе аз кишварҳо ва фароҳам шудани замина ва фурсат барои ба қудрат расидани гурӯҳҳои ифротӣ ва террористӣ — ки ба истилоҳ “чеҳраи мутамаддин” ба худ мегиранд — нахоҳад буд.
“Эрон тайи чанд рӯзи ҷанг, бузургтарин зарбаро ба афсонаи азамат ва шикастнопазирии қудрати низомӣ, бавижа тавони дифоии Амрико ва Исроил ворид кард. Пас аз ин, бисёре аз кишварҳои ҷаҳон, бахусус муттаҳидони минтақавии Амрико дар Ховари Миёна, дар бораи тадовуми ҳузури пойгоҳҳои низомии Амрико дар хоки худ ба унвони зомини амнияташон дучори тардиди роҳбурдӣ хоҳанд шуд. Аз ин манзар, дарвоқеъ Амрико бо ҳамла ба Эрон бадтарин зиддитаблиғро алайҳи худ анҷом дод ва ба афсонаи “қудрати истисноии таслиҳот ва таҷҳизоти низомӣ”-и худ, бавижа дар ҳавзаи дифоӣ, зарба зад.”, - гуфт коршиноси тоҷик.
Ин коршинос бо ишора ба ин ки рӯёрӯии низомии Эрон бо Амрико ва Исроил паёмадҳое амиқ ва чандлояи фаротар аз Ховари Миёна дорад ва натиҷаҳои он рӯз ба рӯз ошкортар мешавад, гуфт, пас аз ин, дар назми амниятии Ховари Миёна тағйироти бунёдине рух хоҳад дод ва эътибори боздорандагии Амрико ба унвони қудрати шумораи яки ҷаҳон ба таври ҷиддӣ осеб хоҳад дид.
“Илова бар он, масуният ва бартарии низомии Исроил ҳатто бо идомаи ҳимоятҳои бедареғи Амрико ва дигар кишварҳои ғарбӣ низ тазмин нахоҳад буд. Ин бад-он маъност, ки аз ин пас дигар бозигарони арсаи байналмилалӣ ва минтақавӣ дар иқдомоти худ ҷасорат ва истиқлоли бештаре хоҳанд ёфт, ки ин амр мӯҷиби тағйири мувозинаи қудрат дар манотиқи мухталиф, аз ҷумла Ховари Миёна, хоҳад шуд.”, - афзуд ӯ.
Қосими Бекмуҳаммад бо ишора ба набуди иҷмоъи назар миёни кишварҳои ғарбӣ, бавижа дар НАТО ва Иттиҳодияи Аврупо, дар бораи ҳамла ба Эрон изҳор дошт, ки рафтори Амрикои Трамп дар маҷмӯъ мавқеияти он чи ба истилоҳ “ҷаҳони мутамаддин” хонда мешавадро тазъиф кард.
“Аз ин пас фосила ва шикоф миёни қудратҳои ғарбӣ ва бахши бузурге аз ҷаҳони ғайриғарбӣ амиқтар хоҳад шуд. Чунин шароити ҷадиде имконӣ нақшофаринии фаъолтарии қудратҳо ва кишварҳои таъсиргузори ғайриғарбиро дар масоили байналмилалӣ ва минтақавӣ афзоиш хоҳад дод.", - гуфт коршинос.
Ба баёни дигар, вай эҳтимол медиҳад, ки пас аз набарди кунунӣ, ҳамсӯӣ ва ҳамафзойии мусалласи Эрон — Русия — Чин дар Ховари Миёна ошкортар шавад, ки натиҷаи он метавонад коҳиши нуфуз ва контроли Амрико бар ин минтақа бошад.
“Агар кишварҳои арабӣ бо таваҷҷӯҳ ба воқеиятҳои ёдшуда то ҳадде сиёсати хориҷии амрикомеҳвари худро тағйир диҳанд, фурсатҳои бештаре барои ҳифзи манофеъи сиёсӣ, иқтисодӣ ва амниятии худ хоҳанд ёфт. Ҳузури Амрико дар Ховари Миёна ва ба таври куллӣ дар Авруосиё бар пояи ихтилофот миёни кишварҳо устувор аст. Ҳангоме ки канор зада шавад, роҳи Авруосиё ба сӯи амнияти пойдор гушуда хоҳад шуд.”, - халоса кард коршинос.