Вазъ дар Ховари Миёна: Хабарҳои ахир

Таслияти мақомдорони Тоҷикистон бо мардуми Эрон: Видео

Дар сафорати Эрон дар Душанбе китоби ёдбуд кушода шуд
Sputnik
Дар сафорати Эрон дар Душанбе ба хотири марги раҳбари олии Эрон Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ китоби ёдбуд боз шуд.
Як қатор мақомдорони тоҷик бо навиштани изҳорти таслият рӯи ин китоб бо мардуми Эрон изҳори ҳамдардӣ карданд.
Аз ҷумла, сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва сафири Русия дар Тоҷикистон Семён Григорев дар китоби ёдбуд имзои худро гузоштанд.
Дипломатҳо ва мақомоти баландпояи Тоҷикистон аллакай дар ин китоб тасаллияти худро сабт кардаанд.
Маълумоти бештарро дар видео пайдо кунед.
Ёдовар мешавем, ки Исроил ва Иёлоти Муттаҳида 28 феврал амалиёти низомии васеъмиқёсро алайҳи Эрон оғоз карданд. Шаҳрҳои бузурги ҷумҳурӣ, аз ҷумла Теҳрон, мавриди ҳамла қарор гирифтанд. Кохи Сафед ин ҳамларо ба таҳдидҳои эҳтимолии мушакӣ ва ҳастаӣ аз ҷониби Эрон рабт дод.
Сарвазири Тоҷикистон ба мардуми Эрон ҳамдардӣ баён кард
Сипоҳи Посбонони Инқилоби Исломӣ дар бораи амалиёти ҷавобӣ эълон кард ва ба кишварҳои ҳамсояи арабӣ ҳамлаҳои мушакӣ анҷом дод.
Бино ба иттилои хабаргузории Меҳр, пойгоҳҳои низомии ИМА дар Баҳрайн, Урдун, Қатар, Кувайт, Имороти Муттаҳидаи Араб ва Арабистони Саудӣ мавриди ҳамла қарор гирифтанд. Якчанд кишвари минтақа фазои ҳавоии худро бастанд.
Телевизиони давлатии Эрон хабар дод, ки раҳбари олии Эрон Алӣ Хоманаӣ дар ҳамла ба манзилаш кушта шудааст ва кишвар 40 рӯзи мотам эълон кард.