ДУШАНБЕ, 4 мар - Sputnik. Мақомоти Тоҷикистон мегӯяд, ки гардиши савдо миёни кишварҳо дар соли 2025 ба 43,1 млн доллар баробар гардида, нисбат ба соли 2024 дар ҳаҷми 17,1% афзоиш ёфтааст.
Дар ин бора дар ҷаласаи 14-уми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Туркманистон оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва илмию техникӣ, ки дар шаҳри Душанбе ба кори худ шуруъ кард, хабар дода шуд
Тавре дафтари матбуоти вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон хабар додааст, дар ҷаласа таъкид шуд, ки ҳамкориҳои Душанбеву Ишқобод дар ҳамаи самтҳо мунтазам густариш меёбад ва ба сатҳи сифатан нав баромада истодааст.
Ҷонибҳо дар ин ҷаласа масъалаҳои муҳими муносибатҳои дуҷониба, аз ҷумла ҳолат ва дурнамои ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, такон бахшидан ба муомилоти ду кишвар, рушди робитаҳо дар соҳаи нақлиёту коммуникатсия, энергетика ва захираҳои об, саноату сохтмон, кишоварзӣ, маориф ва илм, тандурустӣ, саноати тиббӣ, авиатсияи гражданӣ, рушди ҳамкории фарҳангӣ-гуманитарӣ, ҷавонон ва варзиш, инчунин тавсеаи минбаъдаи пояи ҳуқуқию шартномавии муносибатҳои тарафайнро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Қайд карда шудааст, ки дар ин ҷаласа тарафҳо таъкид намдуанд, ки ҳар ду кишвар барои тақвияти ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ, илмию техникӣ ва фарҳангӣ талош хоҳанд кард.
Ҳамзамон зикр карда шудааст, ки санаи 04-уми март Протоколи ҷаласаи чордаҳуми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Туркманистон оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва илмию техникӣ мувофиқа ва ба имзо расонда мешавад.