Сармоягузорӣ ба Минтақаи озоди иқтисодии Кӯлоб ба 100 миллион сомонӣ расид

Ба иттилои мақомоти Хатлон дар Минтақаи озоди иқтисодии Кӯлоб дар ҳли ҳозир 10 ширкати ватанӣ ва хориҷӣ ҳамчун субъект ба қайд гирифта шудаанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 4 мар – Sputnik. Сарвазири Тоҷикистон, Қоҳир Расулзода, барои баррасии рушди зерсохтор, фаъолияти субъектҳои минтақавӣ, пешбурди сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳои афзалиятнок, ба Минтақаи озоди иқтисодии Кӯлоб сафари корӣ анҷом дод.
Дар ин бора Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон хабар дод.
Сарвазир бо фаъолияти ширкати "Тоҷик-Алмос", ки қисмҳои эҳтиётии автомобил, аз ҷумла филтрҳои муҳаррик истеҳсол мекунад, шинос шуд.
Барои сарвазири кишвар дар ҳамин ҷо лоиҳаи таъсиси корхонаи истеҳсоли маҳсулоти доруворӣ аз растаниҳои шифобахш аз тарафи ширкати "Растани Инно" ва корхонаи истеҳсоли маҳсулоти доруворӣ ва санитарӣ-гигиенӣ аз сӯи ширкати "Фарм Куляб" низ муаррифӣ шуд.
Қайд карда мешавад, ки дар Минтақаи озоди иқтисодии Кӯлоб 10 ширкати ватанӣ ва хориҷӣ ҳамчун субъект ба қайд гирифта шудаанд.
Ҳаҷми умумии сармоягузориҳо дар ин минтақа то имрӯз тақрибан ба 100 миллион сомонӣ расидааст.
Вазорати иқтисод: Давоми даҳ сол нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ устувор мебошанд
Ҳаҷми истеҳсоли саноатӣ дар ин минтақа қариб ба 1 миллион сомонӣ расидааст. Тақрибан 110 нафар бо ҷойҳои кории доимӣ таъмин шудаанд.
Ғайр аз ин, барои амалӣ намудани ташаббусҳои созандаи Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, дар дохили минтақа бо иштироки Сарвазир, Вазири рушди иқтисодӣ ва савдо ва кормандони маъмурияти Минтақаи озоди иқтисодии Кӯлоб дарахтони сӯзанбарг шинонида шуданд, ки ба ин минтақа намуди зебои нав зам кард.
Пас аз боздид, сарвазир ба роҳбарият ва кормандони маъмурияти Минтақаи озоди иқтисодии Кӯлоб дастурҳои мушаххас дод, то мушкилоти мавҷударо ҳал кунанд, талошҳои иттилоотӣ-таблиғӣ, таблиғи имкониятҳои сармоягузорӣ ва истифодаи самараноки имконоти мавҷударо анҷом диҳанд.