Муинӣ: Гузариш ба низоми 12 -солаи таҳсил тақозои замон аст

Дар Душанбе масъалаи гузариш ба низоми таҳсили 12-сола баррасӣ шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 28 фев – Sputnik. Муовини раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ, гузариш ба низоми 12 -солаи таҳсилро тақозои замон хонд.
Ӯ зимни баргузории мизи мудаввар дар мавзуи "Аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим: мутобиқат ба стандарти ҷаҳонӣ ва дурнамо" ин андешаро иброз дошт, хабар медиҳад Маҷлиси намояндагон.
Муинӣ зимни баромади хеш зикр намудааст, ки гузариш ба низоми 12 -солаи таълим, аз масъулини соҳа масъулияти бештарро талаб менамояд.
Дар мизи мудаввар вакилони Маҷлиси намояндагон, намояндаи Агентии назорат дар соҳаи маориф, Вазоратҳои молия ва рушди иқтисод, Академияи илмҳои Тоҷикистон, мудирони шуъбаҳои маориф ва дигар сохторҳои марбута иштирок намуданд.
Раиси Кумита оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Саидвализода Барно ҳадафи мизи мудаварро зарур донистани ин низом гуфт.
"Гзариш ба таҳсилоти 12 - сола ҳамчун тақозои замон арзёбӣ шуда, барои баланд бардоштани сифати таҳсил ва рақобатпазирии байналмилалии хатмкунандагон зарур аст, - гуфт ӯ.
Ӯ афзуда, ки Таълими замонавӣ бояд ба рушди тафаккури зеҳнию техникӣ, қобилияти кор дар гурӯҳ, малакаю муошират, саводи рақамӣ ва ташаббускории насли наврас мусоидат намояд.
Тоҷикистон ба низоми таҳсили 12-сола мегузарад
Бинобар ин, дар баробари таҷдиди назар гардидани стандарту барномаҳо ва адабиёти таълим, фароҳам овардани шароити мусоид оид ба гузариши низоми 12 -солаи таълим бояд равишҳои муосири таълим ва методикаи омӯзгорӣ низ такмил дода шаванд, таъкид кард Саидвализода.
Ёдрас мешваем, ки таҳсили 12-сола дар мактабҳои Тоҷикистон бояд соли 2016 ҷорӣ мешуд.
Пешниҳоди ҷорӣ кардани системаи таҳсилоти миёнаи 12-сола бори аввал аз ҷониби президенти кишвар ҳанӯз дар аввали соли 2010, ҳангоми паёми солона садо дода буд.
Вале, ба далели омода набудани макотиби кишвар ин низом ҷорӣ нагрдид.