Дастури Раҳмон барои бунёди муассисаҳои томактабӣ дар ҳама деҳаҳои дурдаст

Президенти Тоҷикистон ба вазири маориф дастур дод, ки дар ҳамаи гӯшаю канори кишвар муасссисаҳои томактабӣ сохта шаванд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 28 фев - Sputnik. Таҳти раёсати президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумат баргузор гардид.
Дар оғози маҷлис вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода оид ба Барномаи рушди таълиму тарбияи томактабӣ барои солҳои 2026-2030 гузориш дод, хабар медиҳад хадамоти матбуотии президент.
Ӯ гуфтааст, ки барнома бо мақсади идома бахшидан ба раванди босуръати сохтмони муассисаҳои томактабӣ, фароҳам овардани муҳити мусоиди таълиму тарбияи кӯдакон таҳия гардидааст.
Тибқи он дар назар аст, ки то соли 2030 дар кишвар 800 муассисаи нави ин соҳа бунёд ёфта, фарогирии кӯдакони аз 3 то 6-сола бо таҳсилоти томактабӣ дар кишвар бояд ба зиёда аз 50% расонда шавад.
Дар ин росто, Эмомалӣ Раҳмон дастур додааст ки барнома ва нақшаи амалигардонии Барнома тасдиқ ва оид ба амалигардонии он ҳар сол то 1 феврал ба Ҳукумат маълумот пешниҳод карда шавад.
"Муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ то деҳоти дурдаст дар ҳама ҷо бояд вуҷуд дошта бошанд", - таъкид кардааст кишвардор.
Дар кори маҷлис ҳамчунин, оид ба Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030 гузориши директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ Мирзо Хуршед шунида шудааст.
Таъкид гардид, ки барнома масири ояндаи рушди иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистонро тавассути мушаххасу дақиқ муайян намудани самтҳои дахлдори афзалиятнок ва вазифаҳои миёнамуҳлати алоқаманд, муқаррар менамояд.
Дар Душанбе 8 муассисаи томактабӣ барои 1900 кӯдак ифтитоҳ гардид
Зикр карда шуд, ки барои татбиқи барнома 2,3 млрд ҳазор сомонӣ зарур аст ва он аз ҳисоби буҷети давлатӣ, бахши хусусӣ ва шарикони рушд маблағгузорӣ карда мешавад.
Раҳмон супориш дода, ки вазорату идораҳои дахлдор амалигардонии барнома ва нақшаи татбиқи онро таъмин карда, аз натиҷаи он ҳар сол то 1 март ба Ҳукумат маълумот пешниҳод намоянд.