Табодули коло миёни Тоҷикистону Беларус дар соли гузашта 29,2% афзуд

Сафири Тоҷикистон дар Беларус дар бораи хусусиятҳои ҳамкорӣ бо Беларус гуфт ва таъкид кард, ҳамкориҳо бо ин кишвар дар ҳоли рушд қарор доранд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 27 фев - Sputnik. Беларус ва Тоҷикистон ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодии худро пайваста тақвият медиҳанд.
Дар ин бора сафири Тоҷикистон дар Беларус Бахтовар Сафарзода дар мусоҳиба бо хабаргузории БЕЛТА таъкид кард.
"Агар мо ба динамикаи ҳамкориҳои худ аз нигоҳи иқтисодӣ назар кунем, пас, тибқи омори кишвр, ҳаҷми гардиши мол байни Беларус ва Тоҷикистон дар соли 2025 бештар аз 222 миллион долларро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2024 29,2% зиёдтар аст”, - гуфт сафир.
Оқои Сафарзода қайд кард, ки ин рақамҳо тамоюли мусбат ва устуворро инъикос мекунанд ва тақвияти мунтазами ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодиро бо Беларус тасдиқ мекунанд.
Сафир: Мо аз Беларус барои ҳифзи хотираи сарбозони тоҷик - қаҳрамонони ҷанг миннатдорем
Дипломат илова кард, ки барои ба низом даровардани минбаъдаи ҳамкории сармоягузорӣ, як гурӯҳи корӣ барои рушди ҳамкорӣ байни Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон ва Вазорати иқтисоди Беларус таъсис дода шудааст.
“Дар ин гурӯҳи корӣ масъалаҳои марбут ба таъсиси корхонаҳои муштарак, маҳаллисозии маҳсулоти саноатӣ, интиқоли технология ва густариши иштироки ширкатҳои беларусӣ ва тоҷикӣ дар лоиҳаҳои сармоягузории мутақобилан судманд баррасӣ мешаванд", - гуфт сафир.
Вай инчунин зикр кард, ки омодагӣ барои ҷаласаи аввали зеркумитаи ҳамкории саноатии Беларус ва Тоҷикистон идома дорад.
"Рушди ин механизм барои бунёди занҷирҳои устувори истеҳсолӣ, амиқтар кардани ҳамгироии саноатӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар бахшҳои афзалиятноки иқтисодӣ равона шудааст. Мо умедворем, ки оғози кори зеркумита ҳамкории саноатиро ба сатҳи сифатан нав мебарорад", - гуфт Бахтовар Сафарзода.