ДУШАНБЕ, 24 фев — Sputnik. Дар Тоҷикистон саҳми бахши хусусӣ дар истеҳсолоти молҳо 80% ва шуғли аҳолӣ 70%-ро ташкил медиҳад.
Дар ин бора Фарҳодшоҳ Раҳмонализода, раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон, хабар дод.
Дар мулоқот бо соҳибкорон, вай қайд кард, ки дар кишвар барои бахши хусусӣ, рушди соҳибкорӣ ва афзоиши сармоягузорӣ шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.
Оқои Раҳмонализода, қайд кард, ки дар соли сипаригашта дар қаламрави кишвар 396 корхонаву коргоҳи нави саноатӣ бо 2422 ҷойҳои нави корӣ мавриди истифода қарор дода шуд.
Ба гуфтаи вай, дар натиҷа ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 66,7 млрд. сомонӣ ва суръати рушди воқеии он 22,1%-ро ташкил дод.
Дар баробари раиси палатаи савдо ва ссаноати Тоҷикистон, таъкид кард, ки калонтарин ташкилоти муттаҳидкунандаи бахши хусусӣ дар кишвар пайваста кӯшиш мекунанд, ки дар ҳамкорӣ бо дигар вазорату идораҳои дахлдор, ҳамтоёни худ ва шарикони рушд брои рушди фаъолияти бахши хусусии кишвар чорабиниҳои мухталифро ба монанди бизнес-форумҳо, бизнес-миссияҳо, намоишгоҳҳо – ярмаркаҳо, семинару тренингҳои омӯзишӣ ва ғайра дар сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ баргузор намояд.
Раҳмонализода илова кард, ки Утоқи савдо ва саноати Тоҷикистон барои барраси пешниҳодҳо доир ба рушди минбаъдаи соҳа ва дастгирии манфиатҳои аъзоёни палата дар дохил ва хориҷи кишвар омода аст.