Зеҳни сунъӣ дар Тоҷикистон рушд мекунад

Ин масъаларо вазири саноати Тоҷикистон Шералӣ Кабир бо раҳбарияти Корпоратсияи "Microsoft" баррасӣ кардааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 21 фев – Sputnik. Роҳбарияти Корпоратсияи "Microsoft" барои густариши ҳамкорӣ бо Тоҷикистон дар самти рушди зеҳни сунъӣ ибрози омодагӣ намудааст.
Дар ин бора, Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон гузориш додааст.
Шералӣ Кабир бо ноиби президент — роҳбар ва масъули самти зеҳни сунъии Корпоратсияи "Microsoft" Наташа Крэмптон ин ва дигар масоили марбут ба зеҳни сунъиро баррасӣ кардааст.
Мулоқот дар доираи Саммити ҷаҳонии "India AI Impact Summit 2026" дар Ҳиндустон баргузор шудааст.
Вазири тоҷик гуфтааст, ки ҳамкорӣ бо корпоратсияи "Microsoft" барои таҳкими иқтидори миллӣ дар соҳаи технологияҳои нав ва зеҳни сунъӣ нақши калидӣ дорад.
Дар мулоқот инчунин масъалаҳои татбиқи инфрасохтор барои ҳисоббарориҳои зеҳни сунъӣ дар асоси платформаи "Azure" дар Тоҷикистон муҳокима шудааст.
Ҷонибҳо ҳамчунин, ҳамкорӣ дар доираи татбиқи принсипҳои зеҳни сунъии масъул дар лоиҳаи махсуси "Area AI" ва амалӣ намудани барномаҳои таълимӣ ва омӯзишӣ дар соҳаи зеҳни сунъиро баррасӣ кардаанд.
Шералӣ Кабир: ЗС ҷойгузини одамон нахоҳад шуд, балки ҷойҳои нави корӣ эҷод хоҳад кард
Наташа Крэмптон омодагии корпоратсияи "Microsoft"-ро барои густариши ҳамкорӣ бо Тоҷикистон дар самти рушду татбиқи зеҳни сунъӣ иброз намудаааст.
Ӯ таъкид кардааст, ки ин ҳамкорӣ ба таҳкими имконияти рақамии мамлакат мусоидат менамояд.
Бояд гуфт, бо ташаббуси президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, соли 2025 Қатъномаи махсуси Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба рушди зеҳни сунъӣ дар Осиёи Марказӣ қабул гардид.