ДУШАНБЕ, 21 фев – Sputnik. Шаҳрвандони Ӯзбекистон барои сайру сайёҳат бештар Тоҷикистону Қирғизистонро интихоб кардаанд.
Дар ин бора, Кумитаи миллии омори Узбекистон хабар медиҳад.
Гуфта мешавад, ки Қирғизистон аз рӯи шумораи боздидҳо пешсаф буда, аз ин кишвар, беш аз 232 ҳаз. шаҳрванди Ӯзбекистон боздид кардаанд.
Тоҷикистон аз рӯи беҳтарин макони гардишгарӣ барои шаҳрвандони Узбекистон дар ҷойи дуюм қарор дорад. 98,6 ҳаз узбекистониҳо давоми моҳи январ аз Тоҷикистон боздид кардаанд.
Қазоқистон низ дар сегонаи аввал қарор гирифт. 88 ҳаз. шаҳрванди Ӯзбекистонро ин кишвар қабул кардааст.
Маъруфияти ин маконҳо анъанавӣ бо логистикаи қулай, робитаҳои оилавӣ ва тиҷорати фаъоли марзӣ шарҳ дода мешавад.
Дар байни кишварҳои берун аз ИДМ, Арабистони Саудӣ шумораи бештари сайёҳонро сабт кардааст, ки дар моҳи аввали сол беш аз 62 ҳаз. нафар ба он ҷо сафар карданд.
Русия, Туркия ва АМА низ мавқеи худро дар байни маконҳои асосӣ нигоҳ доштанд.
Таиланд, Чин ва Миср даҳгонаи кишварҳои машҳуртаринро ҷамъбаст мекунанд. Шумораи умумии шаҳрвандоне, ки дар тӯли моҳи январ кишварро тарк кардаанд, 589 ҳаз. нафарро ташкил дод, ки нисбат ба нишондиҳандаҳои ҳамин давраи соли 2025 қариб 40 ҳаз. нафар зиёдтар аст.
Дар умум, моҳи январи соли 2026 қариб 590 ҳаз. шаҳрванди Узбекистон ба хориҷа сафар кардаанд.
Тибқи иттилои Кумитаи миллии омори кишвар, ин нисбат ба моҳи январи соли гузашта 6,9% афзоишро нишон медиҳад.