ДУШАНБЕ, 21 фев - Sputnik. Муассисаи давлатии "Тоҷикфилм" дар ҳамкорӣ бо ширкати "Спектр"-и Русия филми нави муштараки ҳунарӣ бо номи "Шабаҳе дар зулмот"-ро ба навор мегирад.
Ба иттилои “Тоҷикфилм” тасмим дар бораи роҳандозии ин лоиҳаи муштарак зимни мулоқоти директори Муассиса Маҳмадсаид Шоҳиён бо директори генералии ширкати "Спектр" Максим Валянов гирифта шуд.
Қайд карда шудааст, ки коргардонии филмро Румӣ Шоазимов бар уҳда дорад.
Филм қарор аст, дар шаҳрҳои Душанбе, Истиқлол, дараи Варзоб ва дигар минтақаҳои Тоҷикистон, инчунин, дар шаҳри Маскав ба навор гирифта шавад.
Дар филм ҳунармандони тоҷик нақш бозӣ хоҳанд кард.
Масъулини “Тоҷикфилм” таъкид кардаанд, ки лоиҳаи мазкур намунаи равшани густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи кино буда, ба таҳкими робитаҳои фарҳангии Тоҷикистону Русия мусоидат хоҳад кард.
Дар назар аст, ки филми мазкур соли 2027 намоиш дода шавад.
Ёдовар мешавем. ки қаблан Тоҷикистон эълон карда буд, ки бо Эрон низ як филми муштарак ба навор хоҳад гирифт.
Қайд карда шуда буд, ки Тоҷикистон ва Эрон дар бораи шахсиятҳои форсизабон филм меофаранд.
Коргардони "Тоҷикфилм" бо намояндагони ширкати "Итоксима" дар бораи таҳияи филмҳо сӯҳбат кард.
Тарафҳо инчунин оғози кори филми муштараки "Сухан дар роҳ"-ро эълон карданд, хабар медиҳад "Тоҷикфилм".