Баҳор меояд: дар "Хонаи русӣ" дар Душанбе масленитса таҷлил шуд - Видео

Дар "Хонаи русӣ" дар Душанбе, иди Масленитса ба таври густарда ҷашн гирифта шуд
Sputnik
Сурудҳо, рақсҳо ва кулчақандҳо - Хонаи русӣ дар Душанбе бо зимистон хайрухуш кард.
Масленитса як иди қадимаи славянӣ буда, он аз даврони оташпарастӣ ҳифз шудааст.
Ин ид ҳамчун рамзи баробарии шабу рӯз таҷлил мешавад.
Масленитса қабл аз "Великий пост" (Рӯзаи бузург) дар дини православиҳо қайд мегардад. Ин ид одатан дар охири зимистон ва аввали баҳор иттифоқ меафтад.
Ҷашни Масленитса дар Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон: видео
Тибқи тақвим Масленитса 56 рӯз пеш аз "Иди пок" (Пасха) баргузор мегардад. Ин ид ба пешвози баҳор ташкил мешавад. Чалпак (блин)-е, ки сари миз гузошта мешавад, рамзи Офтобро дорад.
Таҷлили ин ид дар "Хонаи русӣ"-ро дар гузориши видеоиии Sputnik Тоҷикистон тамошо кунед.