ДУШАНБЕ, 20 фев - Sputnik. Саидмуҳаммад Атобакӣ, вазири саноат, маъдан ва тиҷорати Эрон ахиран гуфт, ки тиҷорат бо пули миллӣ гоми бузурги Эрону Тоҷикистон аст.
Дар ин бора сафорати Эрон дар Душанбе дар саҳифаи иҷтимоии худ хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, масъалаи мубодилаи коло бо пулҳои миллӣ ба дар дидори Саидмуҳаммад Атобакӣ, вазири саноат, маъдан ва тиҷорати Эрон бо вазири рушди иқтисоди Тоҷикистон Абдураҳмон Абдураҳмонзода баррасӣ шудааст.
“Барои ҳалли чолишҳои муросилоти бонкии фаъолони иқтисодӣ, қарор шуд фароянди мубодилаи коло бо пули миллии ду кишвар дар дастури кор бошад”, - қайд кардааст манбаъ.
Вазири эрони дар ин дидор қайд кард, ки заминаҳои бисёри ҳамкорӣ бо давлати Тоҷикистон вуҷуд дорад.
Дар ҳамин ҳол вазорати иқтисод ва савдои Тоҷикистон хабар додааст, ки Дар рафти вохӯрӣ рушди ҳамкориҳои дуҷониба дар самтҳои афзалиятнок, аз ҷумла таъсиси корхонаҳои муштарак дар минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон, ҳамкорӣ дар соҳаҳои саноат, энергетика, кишоварзӣ, мошинсозӣ ва кимиё, инчунин рушди инфрасохтори нақлиётӣ ва логистикӣ баррасӣ гардиданд.
Оқои Абдураҳмонзода дар ин дидор таъкид кардааст, ки равобити ду кишвар бар пояи пайвандҳои амиқи таърихӣ, фарҳангӣ ва забонӣ рушд ёфта, имрӯз марҳилаи нави густариши ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратиро дар бар мегирад.
Қайд карда шудааст, ки дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо ҳавасмандии худро барои истифодаи пурраи имкониятҳои мавҷуда ва густариши минбаъдаи ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷоратии ду кишвар иброз доштанд.