ДУШАНБЕ, 20 фев – Sputnik. Аз моҳи августи соли 2025 ягон ҳолати истифодаи нафақаи шахсони фавтида аз ҷониби ворисони онҳо ошкор нагардид.
Дар ин бора директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа Абдураҳмон Ҳалимзод хабар додааст.
Ба гуфтаи вай қонуншиканӣ дар самти истифодаи нафақаи шахсони фавтида аз тарафи ворисон дар соли гузашта ба қайд гирифта нашудааст.
Вай таъкид кард, ки аз моҳи августи соли гузашта Агентӣ дар ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, инчунин, дигар вазорату идораҳои дахлдор истифодаи барномаи "Пули ҳушманд" барои сари вақт муайян намудани далели фавти шаҳрвандон ва ба ин васила ба таври автоматӣ боздошт ва қатъ намудани пардохти нафақаи онҳо ба роҳ монда шуд.
“Бо амалӣ гардидани барнома қонуншиканӣ ё истифодаи нафақаи шахси фавтида аз байн рафт”, - гуфт директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа.
Ба иттилои ҳамин ниҳод, дар давраи ҳисоботӣ дар ҷумҳурӣ 23 982 нафақагир фавтид. Инчунин, соли 2025 аз тарафи Агентӣ ба наздикони 4 422 фавтида ба маблағи 6,6 миллион сомонӣ кумакпулӣ барои дафн дода шуд, ки назар ба соли қаблӣ 1,1 миллион сомонӣ кам аст.
Тибқи банди 4-уми Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи тартиб ва шартҳои пардохти кумакпулӣ барои дафн ба аъзои оилаи камбизоат", ки 2-юми июли соли 2013 ба тасвиб расидааст, кумакпулӣ барои дафн ба андозаи бист нишондиҳанда барои ҳисобҳо муқаррар шудааст.