ДУШАНБЕ, 17 фев – Sputnik. Масъулини “Тоҷикстандарт” аз сокинон хоҳиш кардааст, ки аз харид ва ба фарзандонашон додани ғизои кӯдаконаи тамғаи “Нутрилон” ва “Малютка”-ро худдорӣ намоянд.
Тоҷикстандарт қайд кардааст, ки сокиноне, ки аллакай ин намуд ғизои кӯдаконаро харидорӣ кардаанд, онҳо фавран ин намудни маҳсулотро ба мағозаҳо бозпас баргардонанд.
“Ғизои кӯдаконаи “Нутрилон” ва “Малютка” дар асоси муроҷиати расмии ширкати воридкунанда - ҶДММ “Рушон” “аз муомилот бозпас гирифта мешавад”, - қайд кардааст Тоҷикстандарт.
Инчунин масъулини ин ниҳоди давлатӣ мегӯянд, ширкати истеҳсолкунандаи “DANONE” хабар додааст дар таркиби бастаи муайяни маҳсулоти мазкур токсини сереулид вуҷуд дорад.
“Сереулид токсинае мебошад, ки баъзе навъҳои бактерияҳои “Bacillus cereus” ҳосил мекунад. Он метавонад боиси пайдоиши нишонаҳои заҳролудшавӣ аз ғизо, аз ҷумла дилбеҳузурӣ, қайкунӣ ва шикамрав гардад”, - қайд кардааст Тоҷикстандарт.
Ҳамчунин ин ниҳод давлатӣ зикр кардааст, ки танҳо силсилаҳои муайяни омехтаҳои хушки ширӣ, шири турши кӯдакона ва ҳамчунин, ғизои махсуси кӯдаконаи зерини ширкати "DANONE" бо тамғаи “Нутрилон” ва “Малютка” бозхонд карда мешаванд.
Таъкид шудааст, ки ин ҳушдор ба дигар силсилаҳои ин маҳсулот дахл надорад ва шаҳрвандон метавонанд аз дигар силсилаҳои истеҳсолшудаи маҳсулоти ширкати “DANONE” харидорӣ ва истифода намоянд.