Дар Тоҷикистон банкоматҳои тило пайдо мешаванд

Бонки миллии Тоҷикистон аз насби банкоматҳои тило дар саросари кишвар хабар дод
Sputnik
ДУШАНБЕ, 14 фев – Sputnik. Ин иқдом дар замоне сурат мегирад, ки хариди тило дар саросари ҷаҳон рӯ ба афзойиш овардааст.
Фирдавс Толибзода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон, зимни нишасти матбуотӣ, гуфт, насби банокматҳои тило дар чаҳорчӯби таъкидҳои мукаррари раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сурат мегирад, ки дастрасии аҳолӣ ба сабикаҳои тило сода карда шавад.
“Мо тасмим дорем таҷҳизоти махсусро барои ба фурӯш мондани тило ба роҳ монем. Он гуна ки банкоматҳо ҳастанд, таҷҳизоти махсус хоҳем гузошт, то одамон бевосита бидуни рафтан ба бонк ё хазинаи Бонки миллӣ аз ҳамон таҷҳизотҳои махсус грами зарурии сабикаро харидорӣ кунанд”, - гуфт Фирдавс Толибзода.
Вай афзуд, қарор аст ин иқдом дар соли 2026 ба роҳ монда шавад, то мардум ба сабикаҳо сода ва бештар дастрасӣ пайдо кунанд.
“Ҳоло дар ҳоли муайян кардан ҳастем, ки ин нақшаи худро чӣ гуна амалӣ кунем. Дар умум, дар Тоҷикистон барои харидории тило ягон мушкилӣ нест”, - гуфт раиси Бонки миллии Тоҷикистон.
Тибқи иттилои ин ниҳод, дар соли 2025 ба маблағи 224 миллион сомонӣ ё ки баробар ба 200 кило тилло аз сӯи шаҳрвандони Тоҷикистон харидорӣ шудааст.
Фирдавс Толибзода гуфт, дақиқ гуфта наметавонад, ки кадом қисматашро шахсони ҳуқуқӣ ва чӣ қадарашро шахсони воқеӣ харидаанд.
Дар 34 сол истеҳсоли тилло дар Тоҷикистон 7 баробар афзоиш ёфтааст
“Аммо ҳамин қадар метавонем бигӯем, ки қисмати бештари тилоро шахсони воқеӣ ё сокинони кишвар харидорӣ кардаанд”, - гуфт раиси Бонки миллии Тоҷикистон.
Вай бо ишора ба яку якбора афзудани тақозо ба тило дар саросари ҷаҳон гуфт, сабаби аслӣ қабл аз ҳама номуайяниҳо аст.
“Худ дар иқтисоди ҷаҳони имрӯза як номуайянӣ ба назар мерасад. Аз ин хотир, бонкҳои марказии кишварҳо тилоро амалан як воситаи захиравӣ карда истодаанд.
“Хоҳ нохоҳ вақте талабот зиёд мешавад, харидорӣ ҳам меафзояд ва ин таъъсири худро ба нарх мерасонад. Бонкҳои марказӣ, агар Чин аз як тараф бошад, аз як тарафи дигар Ҳиндустон ё ҳар кишвари дигар, барои диверсификатсияи захираҳои худ ё ин ки мустаҳкам кардани мавқеи худ хариди тилоро ба роҳ монда истодаанд”, - гуфт Фирдавс Толибзода.
Вай афзуд, аз ин сабаб, ин раванд таъсири худро ба нарх расондааст ва якбора нархи тило дар саросари ҷаҳон пасту баланд мешавад.
“Бори аввал дар таърихи ҷаҳон, ки бонкҳои марказӣ бо тило сарукор доранд ва онро ҳамчун як захира арзёбӣ мекунанд, нархи тило аз 5 ҳазор доллар боло рафт. Ҳоло паст шудааст, аммо ин раванд дар ҳоли идома ёфтан аст”, - гуфт раиси Бонки миллӣ.
Вай афзуд, Бонки миллии Тоҷикистон ҳам барои ҳар чӣ камтар кардани хавфҳо иқдомотеро рӯи даст гирифта, корбарӣ мекунад.
Дар ҳамин ҳол, ҳадди миёнаи захираҳои тилои Тоҷикистон, бино ба иттилои расмӣ, аз соли 2021 ба ин сӯ ҳудуди миёна 7 тонро ташкил мекунад ва як сабикаи 100-грамии он ба ҳолати 12 феврали соли равон аз сӯи Бонки миллӣ 152, 2 ҳазор сомонӣ харид ва 155, 3 сомонӣ фурӯхта мешавад.