Амонатбонк мехоҳад бо кумаки рубл вобастагиро аз доллару евро кам кунад

Масъулини Амонатбонк ахиран эълон кардааст, ки пардохтҳо бо бонкҳои Русия пурра бо рубли русӣ сурат мегиранд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 11 фев — Sputnik. Амонатбонк, яке аз бонкҳои бузурги Тоҷикистон, пурра муомилоташро бо бонкҳои Русия бо рубл анҷом медиҳад.
Дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ муовини раиси Амонатбонк Фирдавс Ризвонзода дар нишасти матбуотӣ хабар дод.
Вай гуфт, ки ин қарор қисми стратегияи бонк барои содда кардани амалиёти молиявӣ ва коҳиш додани вобастагӣ аз асъорҳои хориҷӣ, ба монанди доллар ва евро мебошад.
Вай илова кард, ки қарори гузаштан ба рубл ба тағйироти иқтисодӣ ва сиёсӣ дар ҷаҳон, аз ҷумла таҳримҳо алайҳи Русия ва ноустувории қурби асъор вобаста аст.
матбуотӣ муовини раиси Амонатбонк афзуд, ки гузариш ба муомилот бо рубл барои тиҷорат муҳити устувортар ва пешгӯишавандаро фароҳам месозад.
Таҳримҳои ИА алайҳи бонкҳои Тоҷикистон ба низоми молии кишвар таъсир нарасонидаанд
Фирдавс Ризвонзода зикр кард, ки аксари содирот ва воридот байни кишварҳо бо рубл анҷом дода мешаванд, аз ин рӯ гузариш ба ин асъор метавонад робитаҳои иқтисодиро боз ҳам тақвият бахшад.
Роҳбарияти Амонатбонк дар нишасти матбуотӣ таъкид кард, ки муомилот бо рубл як қадами муҳим дар рушди низоми молиявии Тоҷикистон ва тақвияти робитаҳои иқтисодӣ бо Русия мебошад.