Амонатбонк муомилот бо бонкҳои Русияро пурра бо рубл анҷом медиҳад

Роҳбарияти Амонтабонк эълон кард, ки бо бонкҳои Русия мувофиқи талаботи қонунгузории амалкунандаи байналмилалӣ ва миллӣ ҳамкорӣ дорад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 11 фев — Sputnik. Пардохтҳо байни Амонатбонки Тоҷикистон ва бонкҳои Русия пурра бо рубл сурат мегирад.
Дар ин бора муовини раиси Амонатбонк Фирдавс Ризвонзода дар нишасти матбуотӣ хабар дод.
"Пардохтҳои бонки мо бо бонкҳои Русия вобаста ба амалиётҳои муштариён, ки дар доираи фаъолияти иҷозатдодашудаи тиҷоратӣ ва соҳибкорӣ анҷом дода мешаванд, пурра бо рубл мувофиқи талаботи қонунгузории амалкунандаи байналмилалӣ ва миллӣ анҷом дода мешаванд", - изҳор дошт вай.
Оқои Ризвонзода қайд кард, ки Амонатбонк бо бонкҳои кишварҳои ИДМ, ҳамчунин муассисаҳои молиявии Чин, Туркия ва дигар кишварҳо ҳамкорӣ мекунад.
Ғайр аз ин, Амонатбонк тавассути қарзҳои байналмилалӣ, бахусус тавассути тақвияти ҳамкорӣ бо муассисаҳои молиявии хориҷӣ, тиҷорат ва тоҷирони ватаниро фаъолона дастгирӣ мекунад.
Таҳримҳои ИА алайҳи бонкҳои Тоҷикистон ба низоми молии кишвар таъсир нарасонидаанд
Тибқи иттилои бонк, бо истифода аз маблағҳои ҷалбшуда ба 56 ширкати ватанӣ қарзҳои умумӣ ба маблағи 50,5 млн. доллар ва 5,8 млн юан дода шудаанд.
Маблағгузорӣ инчунин тавассути хатҳои қарзии Бонки миллии фаъолияти иқтисодии хориҷии Ӯзбекистон, ҶСК "Содироти Қазоқистон" ва Бонки рушди Чин амалӣ карда мешавад.
"Амонатбонк" яке аз бонкҳои низомсози Тоҷикистон буда, дар саросари кишвар 75 филиал ва 547 маркази хизматрасонӣ дорад ва ба зиёда аз 8500 ташкилот хизмат мерасонад. Қариб 2 миллион шаҳрванд аз кортҳои он истифода мебаранд. Бонк инчунин бо 19 бонки хориҷӣ ҳамкориро ба роҳ мондааст ва зиёда аз 60 суратҳисоби муросилотӣ дорад.