Интиқоли пули муҳоҷирон ба Тоҷикистон афзоиш ёфтааст

Интиқоли пул аз ҷониби муҳоҷирони меҳнатӣ, аз январ то сентябри соли 2025 ба таври назаррас, бо ифодаи доллар 50% афзоиш ёфтааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 4 фев – Sputnik. Интиқоли пул дар Тоҷикистон ба таври назаррас афзоиш ёфтааст.
Дар ин бора Бонки АвруОсиёии Рушд хабар додааст.
Тибқи гузориш, интиқоли маблағҳои муҳоҷирони меҳнатӣ дар нӯҳ моҳи аввали соли 2025 бо доллар 50% афзоиш ёфтааст.
Таҳлилгарони бонк инчунин таъкид карданд, ки рушди умумии иқтисодии 8,4%-ӣ дар Тоҷикистон дар соли 2025 аз ҳисоби бахшҳои гуногуни саноатӣ, сурат гирифтааст.
Бахшҳое, ки афзоиши бештар доштанд: канданиҳои фоиданок 36,2%, истеҳсолот (10,5%) ва энергетика (13%) мебошанд.
Тибқи гузоришҳо, интиқоли пул ҷузъи муҳими иқтисоди кишвар аст. Чунин муомилот ба дастгирии талаботи дохилӣ мусоидат мекунанд: оилаҳои муҳоҷир маблағҳои гирифтаашонро барои харидани мол ва пардохти хизматрасонӣ истифода мебаранд.
Дар Тоҷикистон бо саҳми муҳоҷирони меҳнатӣ 288 иншооти иҷтимоиву иқтисодӣ сохта шудааст
Ғайр аз ин, интиқоли пули муҳоҷирон касри тиҷорати хориҷиро мепӯшонад. Асъори хориҷие, ки онҳо ба хона мефиристанд, барои харидани молҳои зарурии воридотӣ истифода мешавад.
Ғайр аз ин, чунин интиқолҳо даромадҳои андозро барои буҷаи Тоҷикистон ба вуҷуд меоранд.