Бозгашт: Виталий Левченко дигарбора сармураббии тими "Истиқлол" шуд

Виталий Левченко пештар низ сармурабии ин тим буд ва дастаро қаҳрамони Тоҷикистон гардонд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 4 фев — Sputnik. Виталий Левченко, мутахассиси 53-сола, сармураббии дастаи "Истиқлол"-и Душанбе таъин гардид, пештар ин вазифаро Игор Черевченко ба уҳда дошт.
Дар ин бора, сомонаи бошгоҳи футболи "Истиқлол" хабар додааст.
бБа иттилои манбаъ, бошгоҳи "Истиқлол" бо Виталий Левченко, ҳимоятгари дар гузашта маъруфи мунтахаби Тоҷикистон, то охири соли 2026 шартнома бастааст. Се соли ахир Виталий Левченко сармураббии бошгоҳи футболи "Нефтяник"-и Фарғона буд.
Бояд гуфт, ки Левченко дар ин симмат Игор Черевченкоро, ки охири моҳи декабри соли гузашта аз вазифаи сармураббии дастаи “Истиқлол” барканор шуд, иваз намуд.
Ёдовар мешавем, ки Левченко солҳои 2020-2022 сармураббии тими "Истиқлол" буд.
Таҳти роҳбарии ӯ даста қаҳрамони Тоҷикистон гардида, дар Лигаи қаҳрамонҳои Осиё бомуваффақият ҳунарнамоӣ кардааст.

Виталий Левченко кист?

Виталий Левченко 23-юми марти соли 1972 дар шаҳри Ленинобод (Хуҷанд) ба дунё омадааст.
Тарбиятдидаи мактаби футболи Хуҷанд буда, ба ҳайси бозигар дар дастаи "Хуҷанд", баъдан дар бошгоҳҳои Украина - "Динамо" (Киев), ССКА (Киев), "Таврия" (Симферопол), тимҳои Русия - "Волгар" (Астрахан), "Спартак" (Кострома), "Динамо" (Ставропол), "Урал" (Екатеринбург), ҳамчунин дар бошгоҳи "Чанчун Ятай" (Чин) ҳунарнамоӣ кардааст.
Ӯ дар ҳайати тими миллии Тоҷикистон солҳои 1996-2000-ум дар 9 бозӣ ширкат варзидааст.
Виталий Левченко бошгоҳҳои украинии "Княжа" (вилояти Бориспол), "Еднист" (вилояти Чернигов), "Десна" (Чернигов)-ро машқ дода, дар вазифаҳои:
ёвари сармураббии мунтахаби ҷавонони Украина,
ёвари сармураббии мунтахаби миллии Тоҷикистон,
сармураббии мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-19),
сармураббии дастаи "Барқчӣ"-и Ҳисор,
мураббии бошгоҳи русиягии "Криля Советов"-и Самара фаъолият дошт.
Бо роҳбарии Виталий Левченко дастаи "Хуҷанд"-и шаҳри Хуҷанд соли 2019 дар мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон мақоми дуюмро соҳиб шуда, дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми қаҳрамонҳои Осиё иштирок кардааст.
Таҳти роҳбарии ӯ солҳои 2020-2022 дастаи “Истиқлол”-и Душанбе қаҳрамони Тоҷикистон гардида, дар Лигаи қаҳрамонҳои Осиё ба даври ҳаштякниҳоӣ роҳ ёфтааст.
Се соли ахир Виталий Левченко сармураббии бошгоҳи футболи "Нефтяник"-и Фарғона буд. Бо роҳбарии ӯ "Нефтяник" соли гузашта дар Премйер-лигаи Узбекистон ғолиб шуд.
Черевченко аз мақоми сармураббии "Истиқлол" истеъфо дод: Чаро?
Виталий Левченко, ки Донишгоҳи тарбияи ҷисмонии Киев ва Мактаби олии мураббиёнро хатм кардааст, дорои иҷозатномаи мураббигии УЕФА дараҷаи PRO мебошад.