Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

ВУХ Русия беҳтарин кафолати амнияти Украинаро ном бурд

Вазорати корҳои хориҷӣ изҳор дошт, ки қаламрави Украина набояд ҳамчун макони таҳдид ба амнияти Русия истифода шавад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 31 янв - Sputnik. Беҳтарин кафолати амнияти Украина кафолати қатъии амнияти Русия хоҳад буд, чизе ки дар Ғарб ҳеҷ кас дар бораи таъмини он гап намезанад.
Дар ин бора, муовини вазири корҳои хориҷӣ Александр Грушко ба РИА Новости гуфт.
"Ҳама дар бораи зарурати таъмини кафолатҳои амниятӣ ба Украина гап мезананд, аммо ман дар моҳҳои охир ё ҳатто солҳои охир ягон изҳоротеро дар ёд надорам, ки касе гуфта бошад, ки ҳалли сулҳ, формулаи сулҳ бояд кафолатҳои амнияти Русияро дар бар гирад. Гарчанде ки барои ҳама комилан равшан аст, ки беҳтарин кафолати амнияти Украина кафолати қатъии амнияти Русия аст", - гуфт ӯ.
Вазорати корҳои хориҷии Русия таъкид кард, ки ҳама гуна сенарияи ҷойгиркунии нерӯҳои НАТО дар Украина ғайриқобили қабул аст ва метавонад боиси шиддат гирифтани вазъ гардад.
Президент Владимир Путин шарҳ дод, ки Маскав контингенти хориҷиро дар наздикии марзҳои худ ҳамчун ҳадафҳои қонунӣ мешуморад.
Ӯ изҳор дошт, ки пас аз ба даст овардани созишномаи сулҳ, ҳузури нерӯҳои хориҷӣ дар кишвари ҳамсоя номуносиб хоҳад буд.
"Агар мо дарк кунем, ки қаламрави Украина ҳамчун майдон барои эҷоди таҳдидҳо ба амнияти Русия истифода намешавад, пас амнияти Украина таъмин карда мешавад",- хулоса кард ӯ.
Ёдовар мешавем, ки Русия аз 24 феврали соли 2022 дар Украина амалиёти махсуси низомӣ анҷом медиҳад. Президенти Русия Владимир Путин рисолати онро "ҳимояи одамоне, ки ҳашт сол боз аз ҷониби режими Киев мавриди таҳқир ва наслкушӣ қарор гирифтаанд" тавсиф кардааст.
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Лавров: Украина айни замон дар вазъияти ногувор қарор дорад
Ба гуфтаи ӯ, ҳадафи ниҳоии амалиёти махсуси низомӣ озод кардани Донбасс ва фароҳам овардани шароитест, ки амнияти худи Русияро кафолат медиҳад.
Кишварҳои Ғарб расман даст доштани худро дар низоъ дар Украина рад мекунанд, аммо ба таъмини силоҳ ба Нерӯҳои Мусаллаҳи Украина идома медиҳанд.