ДУШАНБЕ, 31 янв - Sputnik. Шомил шудани ҷашни Сада ба Феҳристи мероси фарҳангии ғайримоддии башарияти ЮНЕСКО мояи ифтихори хос аст.
Ин нуктаро шаҳрдори Душанбе ва раиси Парлумони Тоҷикистон Рустам Эмомалӣ дар паёми табрикотии худ ба шаҳрвандони кишвар қайд кард.
"Ҳар яки Шуморо ба муносибати фаро расидани ҷашни куҳан ва пурғановати миллиамон - Сада самимона шодбош мегӯям. Сада аз ҷумлаи ҷашнҳои бостонист, ки реша дар умқи таърих дошта, бо дигар ойинҳои миллии мо, аз ҷумла Наврӯзи оламафрӯз, робитаи зич дорад", - қайд кард ӯ.
Сиёсатмадор бо қарори ЮНЕСКО ба Феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии башарият шомил гардиди ҷашни садаро боиси ифтихори тоҷикон хонд.
Ӯ ёдовар шуд, ки тоҷикон аз замонҳои гузашта ин ойинро ҳамеша ҷашн гирифта, пас аз он ба сабзкорӣ, ниҳолшинонӣ ва ободонии замину боғҳо оғоз менамуданд.
Ҳамчунин ӯ қайд кард, ки идомаи ин суннати нек дар соли таҷлил аз 35-солагии Истиқлоли давлатӣ низ нишонаи фарҳанги баланди созандагии мардуми тоҷикро ифода менамояд.
Бо орзуи пешрафт, ободӣ ва шукуфоии бештари Тоҷикистон, Рустами Эмомалӣ ба ҳар як хонадон саломатӣ, осудагӣ, баракат ва рӯзгори пурсаодат таманно намуд.