Аҳолии Тоҷикистон дар моҳи Рамазон бо барқ таъмин мешаванд?

Мақомоти Тоҷикистон талош доранд, ки мардум дар рӯзҳои сард бебарқ намонанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 30 янв - Sputnik. Вазорати энергетикаи Тоҷикистон талош дорад мардуми кишварро дар давоми моҳи шарифи Рамазон бо барқ таъмин намояд.
Дар ин бора, Далер Ҷумъа, вазири энергетикаи Тоҷикистон зимни нишасти хабарияш изҳор дошт.
“Таъмини барқ дар моҳи шарифи Рамазон имсол нисбат ба соли гузашта беҳтар хоҳад шуд”,- гуфт ӯ.
Вай таъкид кард, ки сатҳи об дар обанбори “Норак”-ро ба он сатҳ захира карда истодаанд, ки барқро бештар дар рӯзҳои сард таъмин намоянд.
Ӯ гуфт, ки ҳоло аҳолӣ субҳ аз соати 5:00 то 8:00 ва шом аз соати 17:00 то 21:00 барқ дарёфт мекунанд.
Ин дар ҳолест, ки нерӯгоҳҳои барқи обии "Норак" ва "Қайроққум" пас аз таҷдид иқтидори худро афзоиш доданд.
Дар соли 2025, навсозии нерӯгоҳи "Қайроққум" ба анҷом расид, ки иқтидори энергетикии онро 60 МВт афзоиш дода, ба 174 МВт расонд.
Тибқи иттилои Вазорати энергетикаи Тоҷикистон, агрегати сеюми нерӯгоҳи барқи обии "Норак" низ ба кор андохта шуд, ки ба иқтидори лоиҳавии он 40 МВт илова кард.
Рӯзи оғози моҳи шарифи Рамазон дар Тоҷикистон маълум шуд
Имсол тибқи ҳисобҳо, моҳи шарифи Рамазон 18 феврал фаро мерасад.
Гирифтани рӯза аз рукнҳои дини мубини Ислом шумурда мешавад. Мусалмонон дар ин моҳ аз хӯрдану нӯшидан аз субҳ то шом худдорӣ мекунанд, инчунин ба намоз ва хондани Қуръон вақти бештар ҷудо менамоянд.