Нархи манзил дар Тоҷикистон чанд аст

Дар Тоҷикистон сохтмони манзилҳои истиқоматӣ рӯ ба зиёдшавӣ дорад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 29 янв - Sputnik. Арзиши миёнаи манзил дар Тоҷикистон барои 1 метри мураббаъ аз 5000 сомонӣ зиёд аст.
Дар ин бора раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони кишвар Низом Мирзозода дар нишасти матбуотӣ изҳор дошт ва гуфт, ки ҳоло қимати 1 метри мураббаъи манзил дар Душанбе беш аз 8000 сомонӣ аст.
Ба гуфтаи Низом Мирзозода ҳоло қимати 1 метри мураббаъ дар:
шаҳри Хуҷанд - 5350 сомонӣ,
Ҳисор - 4650 сомонӣ,
Кӯлоб - 4000 сомонӣ,
Ваҳдат - 5000 сомонӣ,
Турсунзода - 4500 сомонӣ,
Бохтар - 4000 сомонӣ мебошад.
Ба гуфтаи ӯ, дар умум арзиши миёнаи манзил дар саросари кишвар аз 5000 сомонӣ зиёд аст.
Ин дар ҳолест, ки дар Тоҷикистон сохтмони манзилҳои истиқоматӣ рӯ ба зиёдшавӣ дорад.
Афзоиши мизони сохтмони биноҳои истиқоматӣ махсусан дар бахши хусусӣ ба қайд гирифта шудааст, хабар медиҳад, Агентии омори кишвар.
Сохтмони манзил дар Тоҷикистон афзудааст: омор
Тибқи иттилои ин ниҳод, дар моҳҳои январ-сентябри соли 2025 ба масоҳати умумии 1001,7 ҳазор метри мураббаъ биноҳои истиқоматӣ ба истифода дода шуданд.