ДУШАНБЕ, 28 янв – Sputnik. Воридоти тестҳои ба Тоҷикистон барои ошкор кардани вируси “Нипаҳ”, ки аз Русия харидорӣ шудаанд, оғоз шудааст.
Дар ин бора Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон, дар нишасти матбуотӣ хабар дод.
Вай гуфт, ки барои пурзур намудани назорати эпидемиологӣ, бахусус бо назардошти вазъи байналмилалӣ нисбати ин вирус, чораҳои мушаххас гирифта мешавад.
Абдуллозода қайд кард, ки беш аз 1500 донишҷӯ аз Ҳиндустон, ки дар он ҷо паҳншавии беморӣ ба қайд гирифта шудааст, айни замон дар Тоҷикистон таҳсил мекунанд.
Ба гуфтаи вазири тоҷик, барои пешгирии паҳншавии вирус, дар фурудгоҳҳои Душанбе термоскопҳои фосилавӣ насб гардидаанд, то вазъи мусофирони воридшаванда, аз ҷумла мусофирони Ҳиндустонро назорат кунанд.
Абдуллозода аз аломатҳои вируси “Нипаҳ” гуфт.
“Таби баланд, дарди сар, заъф ва бемадорӣ, ин аст нишонаҳои асосӣ. Агар чунин нишонаҳо ошкор шаванд, одамон фавран ҷудо карда мешаванд ва аз муоинаи тиббӣ мегузаранд", - афзуд Абдуллозода.
Вазир инчунин таъкид кард, ки айни замон дар Тоҷикистон ягон ҳолати сироятёбӣ бо ин вирус ба қайд гирифта нашудааст, зеро манбаи он намудҳои муайяни кӯршапаракҳои тропикӣ мебошанд, ки дар Тоҷикистон нестанд.
Вазир илова кард, ки ин беморӣ дар кишварҳои ҳамсоя низ ошкор нашудааст, аммо хатари сироятёбӣ, бахусус бо назардошти ҳаракати ҳавоии озод бо Ҳиндустон, вуҷуд дорад.
Ёдовар мешавем, ки дар моҳи январи соли 2026 дар иёлати Бенгали Ғарбии Ҳиндустон, дар наздикии Калкутта, хуруҷи вируси “Нипаҳ” ба қайд гирифта шуда буд.
Тибқи маълумоти расмӣ, панҷ ҳолати сироятёбӣ тасдиқ шудааст, ки се ҳолати он ҳафтаи гузашта муайян карда шуданд. Ҳамаи сироятёфтагон кормандони соҳаи тандурустӣ мебошанд, ки аз интиқоли бемористонӣ шаҳодат медиҳанд.
Дар доираи чораҳои зиддиэпидемикӣ, тақрибан 100 нафари беморон карантин шуданд, ки саломатии 30 нафари онҳо бадтар шудааст.
Мақомоти Калкутта ягон чораи фавқулодда ҷорӣ накардаанд: мактабҳо ва муассисаҳои давлатӣ ба таври муқаррарӣ фаъолият мекунанд. Коршиносон бар онанд, ки паҳншавии беморӣ хусусияти маҳаллӣ ва мавсимӣ дорад.