ДУШАНБЕ, 27 янв - Sputnik. Тоҷикистон таъмир ва навсозии Театри давлатии драмавӣ ва мазҳакавӣ ба номи А.С. Пушкинро дар Бӯстони вилояти Суғд ба нақша гирифтааст.
Инро Обид Назариён, муовини аввали вазири фарҳанги Тоҷикистон, зимни нишасти матбуотӣ эълон кард.
"Ин танҳо таъмир нест. Пешниҳод барои ба таври муоссир навсозишудани бино аст”, - шарҳ дод ӯ.
Ба гуфтаи ин мақомдор, мақомоти вилояти Суғд ва вазорат дар ҳоли ҳозир бо мутахассисоне, ки метавонанд бинои навро таъмир ва муҷаҳҳаз кунанд, гуфтугӯ доранд.
Вазири фарҳанг Матлубахон Сатториён зимни нишасти матбуотӣ овозаҳо дар бораи кӯчонидани театрҳои Лаҳутӣ ва Маяковский ба бинои Театри миллии Тоҷикистонро низ рад кард.
"Ин театр (Театри миллӣ) бо Театри Лаҳутӣ, Театри драмавии русии Маяковский ё ягон театри дигар рабт надорад. Инҳо театрҳои мустақил мебошанд", - изҳор дошт вазири фарҳанг.
Қобили зикр аст, ки дар соли 2025 дар ҷумҳурӣ 44 иншооти фарҳангӣ сохта шудааст.
Дар ин давра 120 иншооти фарҳангӣ, аз ҷумла 59 китобхона, 39 қаср ва маркази фарҳангӣ, 4 осорхона, 11 боғи фарҳангӣ ва фароғатӣ ва 6 мактаби мусиқӣ низ таъмир ва навсозӣ шудааст.
Айни замон нӯҳ иншооти нави фарҳангӣ дар ҳоли сохтмон ва чортои онҳо дар марҳилаи тарҳрезӣ қарор доранд. Илова бар ин, дар соли 2025 56 асари нав дар театрҳои касбӣ ба саҳна гузошта шуданд ва 59 сафари ҳунарӣ дар саросари кишвар дар 35 шаҳру ноҳия сурат гирифт.