Амалҳои ИМА ва Исроил танҳо Эронро ба сӯи таҳияи силоҳҳои ҳастаӣ тела медиҳанд.
Ин андешаро Александр Князев, доктори илмҳои таърих ва муҳаққиқи пешбари Институти таҳқиқоти байналмилалии МГИМО ба Sputnik Тоҷикистон изҳор дошт.
"Чанд сол пеш, раҳбари олии Эрон фатво содир кард. Барои онҳое, ки бо ин кор ошно нестанд, фатво як ҳуҷҷати бунёдӣ ва таълимотии дорои хусусияти динӣ аст, ки амалҳои муайян, дар ин ҳолат, сиёсӣ ва низомиро танзим мекунад. Ин фатво истифодаи силоҳи ҳастаиро манъ карда, эҷод ва истифодаи онҳоро хилофи ислом эълон кард",- афзу коршинос.
Аммо ба таъкиди вай, амалҳои ИМА ва Исроил Эронро ба сӯи ҳамон модели амниятӣ тела медиҳанд, ки Кореяи Шимолӣ бомуваффақият қабул кардааст.
"Кореяи Шимолӣ силоҳи ҳастаӣ таҳия кардааст ва дар тӯли чанд соли охир метавон динамикаи зиддиятҳоро дар муносибати кишварҳои Ғарб нисбат ба Корея мушоҳида кард; ин динамика коҳиш ёфтааст. Зеро силоҳи ҳастаӣ, дар асл, аз ибтидо, аз замони Ҷанги Сард, силоҳи боздоранда буд",- афзуд вай.
Ба гуфтаи Князев, ҳама, аз ҷумла ИМА, ду маротиба дар бораи андешидани ҳама гуна амали хашмгинона алайҳи кишваре, ки ҳатто захираҳои ҳадди ақали кулоҳакҳои ҳастаӣ, ҳатто захираҳои ҳадди ақали силоҳи ҳастаӣ дорад, фикр мекунанд.
Аз ин рӯ, Эрон танҳо барои суръат бахшидан ба рушди силоҳи ҳастаии худ ва табдил шудан ба як қудрати дигари ҳастаӣ тела дода мешавад.
Коршинос дар бораи ҳваодиси ахир дар Эрон гуфт, ки агар ноустувории ҷиддӣ, дар Эрон рух диҳад, ба коридори Шимол-Ҷануб ва ҳама коммуникатсияҳое, ки аз қаламрави Эрон мегузаранд, таъсир мерасонад, аммо на танҳо ба Эрон.
"Ман фикр мекунам, ки дар ҳар сурат, он минтақаи хеле васеътарро ноустувор мекунад",- гуфт номбурда.