Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

Бессент: Иттиҳоди Аврупо ҷанги зидди худашро сарпарастӣ мекунад

Вазири молияи ИМА раҳбарони аврупоиро барои он ки ИМА дар ҳалли низои Украина нисбат ба Аврупо қурбонии бештар кардааст, танқид кард.
Sputnik
ДУШАНБЕ, 26 янв - Sputnik. Аврупо ҷанги зидди худашро маблағгузорӣ мекунад, гуфт вазири молияи ИМА Скотт Бессент дар мусоҳиба бо рӯзноманигорони амрикоӣ.
Ӯ дар шарҳи талошҳои президент Доналд Трамп барои ҳалли низои Украина қайд кард, ки президенти ИМА нисбат ба Иттиҳоди Аврупо қурбониҳои хеле бештар мекунад.
"Ӯ барои музокирот дар бораи ҳалли масъалаи байни Русия ва Украина кор кард. Иёлоти Муттаҳида нисбат ба аврупоиҳо қурбониҳои хеле бештар кардааст",- афзуд номбурда.
Вай инчунин қайд кард, ки ИМА ба молҳои Ҳиндустон боҷ ҷорӣ кардааст, зеро кишвар нафти Русияро мехарад ва бо ин роҳ ба маблағгузории саноати низомӣ ва мудофиавии Русия саҳм мегузорад.
Дар ҳамин ҳол, Бессент Иттиҳоди Аврупоро барои бастани созишномаи тиҷоратӣ бо Ҳиндустон сарзаниш кард.
"Мо барои харидани нафти Русия ба Ҳиндустон 25% тариф ҷорӣ кардем. Ва медонед, ки ҳафтаи гузашта чӣ шуд? Аврупоиҳо бо Ҳиндустон созишномаи тиҷоратӣ имзо карданд", - қайд кард вазири молияи ИМА. Ӯ
Мавсуф изҳор дошт, ки бо қабули чунин қарорҳо, Аврупо бар зидди манфиатҳои худ амал мекард.
"Нафти Русия ба Ҳиндустон меравад, он дар он ҷо коркард мешавад, маҳсулоти коркардшуда бармегарданд ва аврупоиҳо ин маҳсулоти коркардшударо мехаранд. Онҳо ҷанги зидди худашонро маблағгузорӣ мекунанд", - гуфт Бессент.
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Песков: Музокирот дар Абу Дабӣ ҳафтаи оянда давом дода мешаванд
Дар аввали моҳи августи соли 2025, Трамп фармони иҷроияро имзо кард, ки дар он тарифи иловагии 25%-ро барои воридот аз Ҳиндустон ҷорӣ карда шуд.
Фармон барои Ҳиндустон аз 27 август эътибор пайдо кард. Тарофаи умумӣ ба 50% мерасад — яке аз баландтарин тарифҳои ҷорӣкардаи Вашингтон.
Кремл изҳор дошт, ки бо ҷорӣ кардани тарифҳо, ИМА кӯшиш мекунад, ки Ҳиндустонро барои харидани нафти Русия бо риояи қоидаҳои тиҷорати байналмилалӣ ҷазо диҳад.