Ҳаракат манъ: Бартарафсозии оқибатҳои 30 тарма дар роҳи Душанбе - Чаноқ

Аз шоми дирӯз то ин ҳангом дар роҳи Душанбе -Чаноқ 29 тармаи хурду бузург фаромадааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 22 янв — Sputnik. Бартарафсозии 29 тарма дар роҳи Душанбе - Чаноқ ва коркарди роҳ бо маводи зиддилағзиш идома дорад.
Дар ин бора ширкати роҳсозии IRS хабар медиҳад.
Бино ба гузориши ширкат, феълан ҳаракати нақлиёт тавассути ҷодаи мазкур манъ буда, кормандон кӯшиш доранд, дар наздиктарин фурсат роҳро боз кунанд.
"Агар тармафароӣ қатъ шавад, ният ҳаст, ки 2 соат пас, баъд аз пурра бартараф намудани оқибатҳои тармафароӣ ва коркарди роҳ бо маводи зиддилағзиш, ҳаракати нақлиёт иҷозат дода мешавад", - омадааст дар хабарнома.
Гуфта мешавад, ки дар натиҷаи бориши пуршиддати барф баландии он дар баъзе қитъаҳо ба 35 сантиметр расидааст. Аксари тармаҳо дар минтақаи Варзоб фаромадааст.
Ҳамчунин, автомобилҳое, ки дар минтақаи тармафароӣ дар бунбаст монда буданд, ба макони бехавф интиқол ёфтанд.
Ҳамин тавр, бартарафсозии пайомади тармафароӣ ва коркарди роҳ бо маводи зиддилағзиш дар масири Душанбе - Чаноқ идома дорад.
IRS мегӯяд, ба макони тармафароӣ техникаҳои пуриқтидори ширкат сафарбар шудааст.
Тармаи аввал: Роҳи Душанбе – Чаноқ боз шуд
Аз ронандагон хоҳиш карда мешавад, ки то боз шудани роҳ аз сафар ба самти Хуҷанд худдорӣ намоянд.