Дар 34 сол истеҳсоли тилло дар Тоҷикистон 7 баробар афзоиш ёфтааст

Ба иттилои мақомоти Тоҷикистон дар ҳудуди ҷумҳурӣ дар ҳоли ҳозир беш аз 2600 корхонаи саноатӣ фаъолият доранд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 21 янв — Sputnik. Ахиран сардори Саридораи геологияи Тоҷикистон Илҳомҷон Оймуҳаммадзода дар як ҳамоише гуфт, ки агар соли 1991 дар соҳаи маъдан ҳамагӣ 3 номгўйи маҳсулот - тилло, нуқра ва хокаи сурб истеҳсол мешуд, пас дар соли 2025 шумораи онҳо ба 17 номгўй расонида шуд.
Вай афзуд, ки дар ин давра ҳаҷми истеҳсоли тилло нисбат ба соли 1991 7 баробар, нуқра 6 баробар ва хокаи сурб 9 баробар афзоиш ёфтааст.
Ҳамзамон мақомдори тоҷик таъкид кард, ки бо мақсади ноил гардидан ба яке аз ҳадафҳои стратегии миллӣ — саноатикунонии босуръати кишвар, дар давраи татбиқи он беш аз 2600 корхонаи саноатӣ бо таъсиси зиёда аз 87 ҳазор ҷойи корӣ сохта, ба истифода дода шуд.
Зикр гардид, ки ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти соҳаи маъдан аз 7,7 миллиард сомонӣ дар соли 2020 ба 26 миллиард сомонӣ дар соли 2025 расонида шуда, ки ин нишондиҳанда 3,4 баробар афзоиш ёфтааст.
Кашфи се майдони ояндадори тилло дар Тоҷикистон
Инчунин оқои Оймуҳаммадзода зикр кард, ки саноатикунонии босуръати мамлакат метавонад ҷумҳуриро аз бисёр ҷиҳат ҳамчун давлати истеҳсолкунанда ва содиркунандаи молу маҳсулоти ниёзи аввал ба бозори ҷаҳонӣ муаррифӣ намояд.
“Тавассути таъсиси ҷойҳои нави корӣ сатҳи зиндагии аҳолӣ беҳтар гардида, ин раванд ба нафъи шаҳрвандон хоҳад буд”, - гуфт ӯ.
Мақомдори тоқи илова кард, ки барномаи рушди соҳаи геологияи Тоҷикистон барои солҳои 2021–2030, ки соли 2021 аз ҷониби Ҳукумат қабул гардидааст, омӯзиши 56 объекти барои иқтисодиёти миллӣ, аз ҷумла соҳаи саноат, муҳимро дар бар мегирад. Дар соли 2025 татбиқи зиёда аз 80% объектҳои пешбинишудаи барномаи мазкур таъмин гардид.
Вай афзуд, ки захираҳои бузурги ашёи хоми Тоҷикистон имкон медиҳанд, бо роҳи коркарди пурраи маъдан, аз ҷумла металлҳои ранга ва қиматбаҳо, саноати сӯзишворӣ ва истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ рушд ёбанд ва саноатикунонии босуръати кишвар таъмин гардад.